20 ноябри соли 2015 Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдои Амрико, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорзанон ва намоиши маҳсулоти соҳибкоронро дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ташкил карданд. Форум чорабинии охирин дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон буд. Ин силсилаи чорабиниҳо давоми як ҳафта баргузор гашта ба фаъолияти соҳибкорон ва корхонаҳои навтаъсисёфта бахшида шуда буданд.
Форум ба ҳайси илова ба Рӯзи соҳибкории занон, ки моҳи октябр аз ҷониби давлат сарпарастӣ шуда буд, гузаронда шуд ва иқтидори соҳибкорзанонро дар Тоҷикистон нишон медиҳад. Сармоягузорӣ ба занон як роҳи калидии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба субот дар ҷамоатҳо мебошад. Қариби 100 соҳибкорзанон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ ва инчунин сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар фаъолияти Форум иштирок намуданд.
Форум бо суханони ифтитоҳии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анварӣ Нигина, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Латифзода ва Кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лесли Ҳейден оғоз гардид. Хонум Ҳейден дар бораи Иттифоқи корхонаҳои ҳунармандон сухан кард, ки ин ташаббуси Котиби давлатии ИМА Джон Керрӣ ва Сафир оид ба корҳои махсус-масоили умумиҷаҳонии занон дар Департаменти давлатии ИМА мебошад ва ба дастгирӣ ва пайваст намудани ҳунармандон ба бозори ҷаҳонӣ, ки аз онҳо 90%-ро занон ташкил мекунанд, равона шудааст. Хонум Ҳейден афзуд, ки чорабинии мазкур танҳо қадами аввал аст, ки сармоягузорон иқтидори ҳунармандон-занони Тоҷикистонро бинанд ва онҳоро ба ширкату бозорҳо, ки барои муваффақ шуданашон кӯмак расонда метавонад, пайваст намояд.
Пас аз суханони ифтитоҳӣ хонум Карин Шипман директори кулл ва президенти “EGI Development LLC”, ки ширкати тарҳрезӣ ва машваратӣ дар бахши маркетинг воқеъ дар иёлати Аризона бо таҷрибаи кории тақрибан 30-сола дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад, оиди таъсири мусбат ба ҷомеа дар натиҷаи тавонмандсозии занон аз ҷиҳати иқтисодӣ бо гузориши асосӣ баромад кард. Пас аз гузориши асосӣ панҷ соҳибкорзани пешрави Тоҷикистон бо презентатсияҳо баромад карданд: директори кулли Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ)/ муовини директори кулли “Имон-Интернэшнл” Гулбаҳор Маҳкамова, Раиси раёсати Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ) Матлуба Улҷабоева, директори кулли Ассотсиатсияи соҳибкории инноватсионӣ ва технологии Тоҷикистон Манижа Ҳаитова, директори “Имкон консалтинг” Замира Самадова ва роҳбари кулли ширкати сохтмонии “РИЕЛ-Д” Сурайё Уроқова. Аз ҷониби соҳибкорон мушкилоте, ки занон дар оғоз кардани фаъолияти ширкати худ рӯ ба рӯ мешаванд, баррасӣ гардид.
Соҳибкорзанон дар машғулиятҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби даҳ ташкилотҳои зерин гузаронида шуд, иштирок варзиданд: Созмони «Наҷоти кӯдакон», Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Ассотсиатсияи соҳибкории инноватсионӣ ва технологии Тоҷикистон, Институти «Ҷамъияти кушода», Лигаи занони ҳуқуқшинос, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, “Имкон консалтинг”, Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Ёри ба ҳунармадон” ва ниҳоди занони СММ. Занони соҳибкор маълумот оид ба хизматрасониҳое, ки аз тарафи ин ташкилотҳо дар рушди соҳибкорӣ, технологияи сарфаҷӯии барқ, маркетинги соҳибкорӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва андоз, молия ва идоракунии қарз пешкаш мегардад, ба даст оварданд.
Авҷи чорабинии мазкур намоиши муд буд, ки фаъолияти тарроҳони маҳаллӣ ва мудро бо истифода аз нақшу нигори анъанавии тоҷик, матоъҳои атлас ва адрас пешкаш намуд. Дар намоиши муд маҳсули тарроҳони Манучеҳра Шакнамова, Замира Эрматова, Фарангис Шарифова, Шаҳло Ҳамдамова, Наргиза Исламова, инчунин гурӯҳи рақсӣ ва студияи «Падида» ва моделҳое аз оҷонсии рақсу муди «Эраи нав» тақдим шуданд.
Дар поёни Форуми соҳибкорзанон намоиши маҳсулоти соҳибкорон ташкил шуд. Мақсади ин чорабинӣ мусоидат кардан ба маҳсулоти бофандагӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва технологӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзанони асосан аз минтақаи деҳоти ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон истеҳсол карда шудааст, иборат буд.
Сарпарастони чорабинӣ Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, САҲА, ниҳоди занони СММ, Институти «Ҷамъияти кушода», Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Созмони «Наҷоти кӯдакон», Созмони Оксфам, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.