Ҳангоми дархости раводиди ИМА ҳар як кӯдак, новобаста аз синну сол, бояд соҳиби шиносномаи хориҷии эътиборнок бошад, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст. Сафорати ИМА аризаҳои раводидии кӯдаконе, ки ҳамчун шахси вобаста дар шиносномаи волидайн қайд карда шудаанд, баррасӣ нахоҳад кард. Ҳар як дархосткунандаи раводид бояд шиносномаи шахсии худро дошта бошад.
Ҳар як нафаре, ки ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунад, новобаста аз синну солаш, бояд соҳиби раводиди эътибордоштаи ИМА бошад. Вале бояд қайд намуд, ки гирифтани раводид барои кӯдакон осонтар аст. Муҳимтар аз ҳама, кӯдакони синни то 14-соларо зарур нест, ки шахсан ба мусоҳибаи консул ҳозир шаванд. Ба ҷои онҳо ба мусоҳиба метавонанд волидайн ва ё шахсони дигари нигаҳбонашон ҳозир шаванд ва ин ҳам новобаста аз он, ки ин волидайн худашон низ ба Амрико сафар мекунанд ё не ва ё аллакай раводиди ИМА-ро доранд ё не.
Ба мусоҳиба ҳуҷҷатҳои зерини кӯдакро овардан зарур аст:
- Шиносномаи кӯдак
- Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак
- Дархостномаи раводиди ғайримуҳоҷират DS-160
- Боҷи консулӣ ба қиммати 160 доллари амрикоӣ
- Нусхаи раводиди ИМА-и волидайн ва ё мактуб бо шарҳи барномаи таълимие, ки кӯдак дар он иштирок кардани аст ва агар имкон бошад, рӯйхати кӯдакони дигаре, ки дар ин барнома иштирок мекунанд.
- Як акси кӯдак (аз рӯи талаботи ин торнамо), ки дар тӯли шаш моҳи охир гирифта шудааст. Агар кӯдаки шумо қаблан раводиди ИМА-ро соҳиб шуда бошад, пас шумо НАБОЯД АКСИ БАРОИ РАВОДИДИ ҚАБЛИ ИСТИФОДАКАРДАИ КӮДАКРО ДУБОРА ПЕШНИҲОД КУНЕД. Вайрон кардани қоидаи пешниҳоди акси дуруст метавонад сабаби таъхир дар раванди дарёфти раводид гардад.
- Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки барои навъи раводиди шумо заруранд.
Кӯдакони синни то 14-сола бояд тавассути тақвими электронӣ барои мусоҳиба бо консул ҳамчун шахси вобаста аз хешу табори ба ИМА сафаркунанда сабти ном шаванд. Вале шарт нест, ки худи онҳо ба мусоҳиба хозир шаванд. Баръакс, ба ҷои онҳо бояд волидайнашон ҳуҷҷатҳои зарурии кӯдак ва варақаи тасдиқи мусоҳибаро ҳамроҳашон ба мусоҳиба биёранд. Ҳамчунин, волидайн ва ё дигар аъзои оилаи кӯдак бояд Шӯъбаи консулиро оиди овардани ҳуҷҷатҳои кӯдак пешаки огоҳ кунанд, то Шӯъбаи консули тавонад барои онҳо иҷозати воридшави ба сафоратро дархост намояд.
Кӯдакони аз синни 14 то 17- соларо бояд волидайн ё сарпарасти ҳуқуқӣ дар гирифтани раводид ҳамроҳӣ кунанд. Ҳангоми мусоҳиба, шаҳодатномаи аслии таваллуд, ҳуҷҷати шахсӣ бо сурат ва имзои волидайн (волидон), инчунин нусхаи раводиди ИМА бояд пешниҳод гардад.