Чӣ тавр муроҷиат бояд кард?

Барои муроҷиат кардан барои дарёфти раводиди ғайримуҳоҷиратии Иёлоти Муттаҳида иқдоми зеринро пеш гирифтан лозим аст:

Қадами аввал: Мутмаин бошед, ки шиносномаи Шумо ҳадди ақал ба муддати шаш моҳи баъди таърихи хуруҷ аз ИМА эътибор дошта бошад (масалан, агар Шумо тасмим гирифтаед, ки моҳи март ба Амрико ба муддати як моҳ сафар мекунед, пас шиносномаи Шумо бояд, ақаллан, то охири моҳи октябр эътибор дошта бошад).

Қадами дуввум: Пас аз ин Шумо бояд муайян кунед, ки барои дарёфти кадом навъи раводид муроҷиат мекунед. Барои дарёфти маълумоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои иловагие, ки барои навъҳои гуногуни раводид лозиманд, лутфан ба Ҷадвали раводидҳо муроҷиат намоед.

Қадами сеюм: Намунаи электронии дархостномаи раводиди ғайримуҳоҷират DS-160 –ро аз тариқи интернет пур кунед. Барои пур кардани ин намуна Шумо бояд фотосурати рақамӣ (digital photo) дошта бошед. Лутфан талабот барои сурат ва тарзи ба нусхаи интернетӣ кӯчонидани онро бодиққат хонед. Агар фотосурати рақамие, ки Шумо мехоҳед ба намунаи интернетӣ кӯчонед, ба талабот ҷавобгӯ набошад, Шумо метавонед пур кардани намунаро бе кӯчонидани сурат идома диҳед. Дар ин ҳол, пас аз бомуваффақият пур кардани намунаи электронии дархостнома, Шумо метавонед фотосурати ба талабот ҷавобгӯятонро ҳамроҳи худ ба мусоҳиба бо консул биёред.

Саволҳо оиди варақаи DS-160

Қадами чаҳорум: барои худро ба мусоҳиба номнависӣ кардан лутфанин линкро пахш кунед.

  • То ин ки барои содир шудани раводидатон вақти кофӣ дошта бошед, Шуморо зарур аст, ки рӯзи мусоҳибаатонро бо консул аз чор то шаш ҳафта пештар аз таърихи эҳтимолии сафаратон таъйин кунед.
  • Маъмулан мӯҳлати интизорӣ барои баргузоршавии мусоҳиба барои дарёфти Раводиди ғайримуҳоҷират ду рӯзро ташкил медиҳад.
  • Мусоҳибаи таъҷилӣ метавонад дар ҳолати зарурати сафари таъҷилӣ таъйин карда шавад ва чунин зарурат вобаста ба ҳар як ҳолати алоҳида баррасӣ карда мешаванд. Дархосткунандагоне, ки мехоҳанд бо консул мусоҳибаи таъҷилӣ дошта бошанд, метавонанд бо Шӯъбаи консулӣ тариқи телефони 229 23 00 ё ба э-мейли зерин: dushanbeconsular@state.gov тамос гиранд.

Қадами панҷум.  Маблағи боҷи консулиро пардохт кунед (MRV):  Дар рӯзи мусоҳибаи худ, лутфан, маблағи баргардониданашавандаи зеринро барои баррасии аризаи раводид пардохт намоед:  раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ – $160 барои B-1 (хидматӣ), B-2 (саёҳат ва ташриф) ва F-1/M-1 (донишҷӯӣ);  $190 барои раводидҳои H, L, O, P, Q, ва R;  ва $270 барои раводидҳои E.  Маблағро ба таври нақд ва бо асъори ягона, яъне пурра бо сомонӣ ё пурра бо доллари ИМА бояд пардохт кард.

Шаҳрвандони кишварҳои дигар илова ба маблағи боҷи консулӣ боз арзиши коркарди раводидро ҳам пардохт мекунанд. Барои дарёфти маълумот оиди кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бояд арзиши коркарди раводидро пардохт кунанд, лутфан инҷоро пахш кунед.

Қадами шашум: Мусоҳибаи рӯ ба рӯ бо Консул

Ҳангоми мусоҳиба:

  • Ба саволҳо ҷавоби сареҳ диҳед. Кӯшишҳои дарёфти раводид бо роҳи дидаву дониста, пешниҳод кардани маълумоти бардуруғ ва ё фиребдиҳӣ метавонанд боиси он шаванд, ки ба Шумо дигар абадан на раводид диҳанду на иҷозати ворид шудан ба марзи ИМА.
  • Дархосткунандагон бояд ба фаҳмонидани мақсади сафарашон ба ИМА ва ошкор кардани сарчашмаи маблағгузории он омода бошанд.

Ҳуҷҷатҳои ёрирасон:
Барои дарёфти баъзе аз навъҳои раводид пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ лозим мешавад. Барои дарёфти маълумоти муфассал оиди ин мавзӯъ лутфан ба ҷадвали раводидҳо муроҷиат намоед. Дархосткунандагони навъи раводиде, ки ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намекунад, ҳамчунин метавонанд ҳуҷҷатҳои ёрирасони аз назари онҳо муҳимро пешниҳод кунанд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои иловагиву ёрирасон бояд ба консул ҳангоми баргузории мусоҳиба пешниҳод карда шаванд. Ҳуҷҷатҳоро ба забони англисӣ тарҷума кардан ва ё дар идораи нотариалӣ тасдиқ кардан зарур нест. Баъди мусоҳиба консул ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷузъи дархостнома ба шумор намераванд, ба Шумо бар мегардонад.

Лутфан дар назар доред,  ки пешниҳоди миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо гарави он нест, ки ба Шумо ҳатман раводиди ғайримуҳоҷиратро хоҳанд дод. Ҳеч гуна рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки содир шудани раводидро кафолат медода бошанд, вуҷуд надорад.

Қадами ҳафтум: Агар раводиди шумо тасдиқ шавад, кормандони шӯъбаи консулӣ ба шумо хабар медиҳанд, ки кай барои шиноснома ва раводид худ омада метавонед.

Варақаи раводид:
Дар варақаи раводид маълумоти зерин дарҷ карда мешавад: навъи раводид, мӯҳлати эътибори он ва шумораи иҷозатдодашудаи воридшавӣ ба кишвар. Мафҳуми «мӯҳлати эътибори раводид» дар назар дорад, ки то кадом рӯз Шумо метавонед ба ИМА ворид шавед. Баъди воридшавӣ ба ИМА маъмури муҳоҷират дар нуқтаи убури сарҳад мӯҳлати иқомати Шуморо дар ИМА муайян мекунад.

Рад кардани дархости раводид:
Банди 214(b) – Рад шудани дархости раводид тибқи банди 214(b)-и қонуни мазкур маънии онро надорад, ки Шумо дигар абадан наметавонед раводиди ИМА-ро дарёфт кунед. Дар сурати рух додани ягон тағйироти куллие дар зиндагии Шумо ва пайдо шудани маълумоти иловагиву наве, ки тавонад робитаи мустаҳками иҷтимоию иқтисодиатонро бо Тоҷикистон исбот кунад, Шумо метавонед аз сари нав барои дарёфти раводид ба сафорат муроҷиат кунед.

Ҳангоми дархости раводиди ғайримуҳоҷиратии навъи “Сафари хусусӣ ё хидматӣ” ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намудан лозим аст:

  1. Саволномаи электронии DS-160 дар шакли электронӣ дар саҳифаи https://ceac.state.gov/genniv пур карда мешавад. Ин саволнома ба шумо ҳамчунин ҳангоми муайян кардани вақту соати мусоҳиба бо консул зарур мешавад. Саҳифаи тасдиқкунандаи саволномаи мазкурро чоп карда, ҳамроҳатон ба мусоҳиба биёред. Лутфан, мутмаин бошед, ки штрих коди саволнома равшану возеҳ чоп шудааст.
  2. Шиносномаи хориҷӣ, ки мӯҳлати эътибораш тамом нашудааст.
  3. Як расм, ки дар давоми 6 моҳи охир гирифта шуда бошад (расми ранга дар замини сафед бо андозаи 5Х5 см). Танҳо нусхаи аслии расм қабул карда мешавад. Расмҳое, ки ба ягон тарз тағйир дода шудаанд (нусхабардорӣ, скан ва ва ё таҳрир шудаанд), қабул карда намешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед аз ин ҷо гиред. Шӯъбаи консулӣ маслиҳат медиҳад, ки, ҳатто агар шумо фотосурататонро ба анкетаи электронӣ гузаронида бошед ҳам, ба мусоҳиба ҳамроҳатон расматонро биёред.

Диққат: Лутфан, ба мусоҳиба ҳамроҳатон ҳама гуна ҳуҷҷатҳоеро биёред, ки Вазорати амнияти дохилии ИМА (DHS) оиди тамдиди муҳлати раводидатон, тағйири ҳолати шумо ва ё вайронкунии қонунгузории ИМА оиди муҳоҷират ба шумо додааст.

Дархосткунандагони раводиди навъи «донишҷӯ», «табодули таълимӣ», (F-1, M-1, J-1), «корманди муваққатӣ» (H, L, P ва O) ва шахсони вобастаашон бояд ҳамаи он ҳуҷҷатҳоеро, ки барои раводиди навъи «сафари хусусӣ ё хидматӣ» заруранд ва ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод кунанд.

Ҳар як дархосткунандаи раводиди навъи «сафари хусусӣ ё хидматӣ» бояд исбот кунад, ки у ҷавобгӯи талабот барои дарёфти раводид мебошад. Консул на ба омӯхтани ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаатон, балки бештар ба мусоҳиба бо шумо мароқ зоҳир хоҳад кард. Вале шумо метавонед ҳамроҳатон ҳуҷҷатҳоеро биёред, ки ба консул барои муайян кардани алоқамандиҳои иқтисодиву иҷтимоиатон бо Тоҷикистон мусоидат мекунанд ва нишон медиҳанд, ки шумо дар гузашта ба дигар кишварҳо барои сайру сайёҳат ва кор сафар кардаед. Ҳар як дархосткунандаи раводид мақсаду мароми хоси худро дорад, бинобар ин як рӯйхати дақиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бо худ ба мусоҳиба овардан вуҷуд надорад.  Ёдовар мешавем, ки консул ҳамеша ҳуҷҷатҳои заруриро меомузад, вале аз байни ҳуҷҷатҳои иловагӣ вай танҳо ҳамонҳоеро меомӯзад, ки ҳангоми мусоҳиба худаш зарур мешуморад.