- Чӣ тавр муроҷиат бояд кард?
- Номнависӣ барои мусоҳиба
- Пас аз мусоҳиба
Низоми интернетии номнависӣ ба мусоҳиба барои раводиди ғайримуҳоҷиратӣ
Низоми интернетии номнависӣ ба мусоҳиба ба ҳамаи дархосткунандагони раводиди ғайримуҳоҷиратӣ имкон медиҳад, ки худро тариқи Интернет номнавис кунанд. Ин низом стандартизатсия шудааст ва аз ҷониби Шӯъбаҳои консулии ИМА дар кишварҳои зиёди олам истифода бурда мешавад. Мо мутмаинем, ки низоми электронии номнависӣ ба мусоҳиба раванди номнавис шудан ба мусоҳиба барои дарёфти раводиди ғайримуҳоҷиратиро барои ҳама содаву осон мегардонад.
Барои ворид шудан ба низом ба воситаи Интернет лутфан ин ҷоро пахш кунед. Шумо барои хондани маълумоти иловагӣ бо забонҳои англисӣ ва русӣ имкон пайдо хоҳед кард.
Ёддошт: Лутфан, қабл аз номнавис шудан ба мусоҳиба, аввал саволномаи электронии дархости раводидро (DS-160) пур кунед. Низоми интернетӣ аз шумо ворид кардани рақами штрих коди саволномаи DS-160 –ро дархост хоҳад кард. Ҳамчунин, дар ёд доред, ки шумо бояд ба мусоҳиба нусхаи чопшудаи саҳифаи тасдиқи саволномаи DS-160 –ро ҳамроҳатон биёред.
ДАСТУРИ МУҲИМ ҚАБЛ АЗ ШУРӮЪ КАРДАН:
1. Ба низоми интернетии номнависӣ ба мусоҳиба ворид шавед:
2. Тамоми маълумотро бо ҲАРФҲОИ КАЛОНИ АЛФАВИТИ ЛОТИНӢ ворид намоед.
3. Серия ва рақами шиносномаатонро ҳамон тавре ворид кунед, ки шумо дар саволномаи DS-160 қайд карда будед.
4. Мутмаин бошед, ки ному насаби шумо айнан ҳамон тавре навишта шудаанд, ки дар шакли англисии шиносномаатон омадаанд. Агар ному насабатон нодуруст навишта шаванд, шуморо ба Шӯъбаи консулӣ роҳ нахоҳанд дод.
5. Саҳифаи тасдиқкунандаи номнавис шудан ба мусоҳибаро чоп кунед ва ҳамроҳатон нигоҳ доред.
6. Ҳангоми ворид кардани рақами телефонатон рамзи (коди) минтақаро фаромӯш накунед.
7. Ҳар як нафар метавонад як маротиба номнавис шавад. Бо як воридшавӣ ба низоми интернетӣ шумо наметавонед худро ба якчанд мусоҳиба номнавис кунед. Дар ин ҳолат Шӯъбаи консули танҳо як номнависи шуморо қабул мекунад.
8. Агар шумо мехоҳед вақту соат ва рӯзи мусоҳибаи худро иваз кунед, пас тариқи интернет ба Саҳифаи номнависӣ ба мусоҳиба барои раводид ворид шавед ва 48 соат қабл аз расидани мӯҳлати мусоҳибаатон вақту соати онро иваз намоед. Барои ин шумо бояд аз рақами тасдиқкунандаи номнависшавии худ истифода кунед.
Агар шумо оид ба истифодабарии низоми интернетии номнависшавӣ саволе дошта бошед, лутфан ба Шӯъбаи консулӣ бо телефонҳои (+992 37) 229 20 23 ё 229 20 00 занг занед. Шумо ҳамчунин метавонед саволи худро тариқи почтаи электронии DushanbeConsular@state.gov равон кунед. Тамоми мактубҳо дар давоми се рузи корӣ дида баромада мешаванд.