- Чӣ тавр муроҷиат бояд кард?
- Номнависӣ барои мусоҳиба
- Пас аз мусоҳиба
3Воридшавӣ ба Иёлоти Муттаҳида
Раводид ба кас имконият медиҳад, ки ба Иёлоти Муттаҳида сафар карда, дар нуқтаи воридшавӣ (маъмулан фурудгоҳи ҳавоӣ) барои даромадан ба қаламрави кишвар иҷозат талаб кунад. Доштани раводид ҳоло ба кас кафолати воридшавӣ ба Иёлоти Муттаҳидаро намедихад. Кормандони Вазорати амнияти дохилӣ (DHS) ва Хадамоти гумрук ва амнияти сарҳадоти Иёлоти Муттаҳида (СВР) дар нуқтаи воридшавӣ ҳуқуқ доранд, ки ба шумо барои даромадан ба қаламрави Иёлоти Муттаҳида иҷозат диҳанд ё надиҳанд. Агар шумо ҳуқуқи воридшавӣ дошта бошед, пас корманди Хадамоти гумрук ва амнияти сарҳадот дар шиносномаи шумо мӯҳри «пазироӣ» мезанад ва ё ба шумо шакли I-94, Варақаи сабти даромадан / баромаданро медиҳад. Барои маълумоти бештар оиди талаботи пазироӣ ва воридшавӣ, маҳдудиятҳо барои овардани маводи хӯрока, масолеҳи кишоварзӣ ва дигар маводу ашёи мамнӯъшуда лутфан аз сомонаи Хадамоти гумрук ва амнияти сарҳадот дидан кунед.
Тамдиди иқомат
Барои тамдиди мӯҳлати иқомататон, лутфан ба сомонаи Хадамоти муҳоҷират ва шаҳрвандии ИМА (USCIS) ворид шавед ва оиди талабот барои тамдиди иқомат баъди адои мӯҳлати дар мӯҳри “пазироӣ” ва ё дар шакли коғазии I – 190 зикршуда маълумот пайдо намоед. Агар дархости шумо оиди тамдиди мӯҳлати иқомататон дар Иёлоти Муттаҳида аз ҷониби USCIS тасдиқ нашуда бошад, пас шумо бояд қаламрави Иёлоти Муттаҳидаро қабл аз тамом шудани мӯҳлати дар мӯҳри “пазироӣ” ва ё дар шакли коғазии I – 190 зикршудаатон тарк намоед. Саривақт тарк накардани қаламрави ИМА метавонад сабабгори он шавад, ки дар оянда ба шумо дигар ҳеҷ вақт раводид надиҳанд. Барои маълумоти бештар дар ин мавзӯъ, лутфан ба саҳифаи Надодани раводид, мувофиқат накардан ва лағви раводид: қонунҳо муроҷиат намоед.
Тағйири вазъи будубош
Ҳангоми дар Иёлоти Муттаҳида будан шумо метавонед, ки ба Хадамоти муҳоҷират ва шаҳрванди (USCIS) муроҷиат намоед ва вазъи будубоши ғайримуҳоҷиратии худро аз як навъ ба навъи дигар тағйир диҳед. Барои маълумоти бештар дар ин мавзӯъ, лутфан ба саҳифаи Тағйири вазъи будубоши ғайримуҳоҷиратии ман дар сомонаи USCIS муроҷиат намоед. Агар шумо қабл аз адои мӯҳлати қонунии иқомататон дар Иёлоти Муттаҳида аз USCIS тағйири вазъи будубоши худро талаб кардани бошед, шарт нест, ки шумо барои раводиди нав дархост пешниҳод кунед. Вале, агар дар давоми муддати баррасии дархости шумо оиди тағйири вазъи будубошатон аз ҷониби USCIS мӯҳлати қонунии иқомататон дар ИМА ба анҷом мерасида бошад, пас шумо бояд ба сафорати ИМА ва ё консулгарии он барои дарёфти раводид муроҷиат намоед.
Маълумоти иловагӣ
Сафаркунандагон ҳуқуқ надоранд, ки дар Иёлоти Муттаҳида бо кор машғул шаванд.
Мо ҳеҷ гоҳ кафолат дода наметавонем, ки шумо ҳатман раводидро дарёфт хоҳед кард. Аз ин ру, то лаҳзаи дарёфти раводид, лутфан нақшаи сафар накашед ва чиптаи ҳавопайморо харидорӣ накунед.
Агар раводиди шумо бекор ва ё лағв нашуда бошад, он то тамом шудани мӯҳлаташ эътибор хоҳад дошт. Аз ин рӯ, ҳатто агар мӯҳлати эътибори шиносномаи шумо ба охир расида бошад ҳам, раводиди шумо эътиборашро гум нахоҳад кард. Агар шумо дар шиносномаи мӯҳлати эътибораш ба анҷом расида раводиди эътибордошта доред, лутфан онро аз ин шиносномаатон нест накунед. Шумо метавонед раводиди эътибордошта дар шиносномаи кӯҳнаатонро ҳамроҳи шиносномаи наватон дар нуқтаи воридшави ба ИМА нишон диҳед ва иҷозати даромадан ба қаламрави кишварро соҳиб шавед.