Раводид аз ҷониби сафорат ва ё консулгарии ИМА дода мешавад. Раводид ба шумо ҳаққи муроҷиат кардан барои иҷозатномаи воридшави ба қаламрави ИМА-ро медиҳад. Мӯҳлати будубоши шуморо дар қаламрави ИМА кормандони Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират (USCIS, собиқ INS) дар нуқтаи сарҳадии воридшавиатон ба ИМА муайян менамоянд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба қаламрави ИМА ворид шаванд, бояд аввал соҳиби раводид гарданд: раводиди ғайримуҳоҷиратӣ барои иқомати муваққатӣ ва раводиди муҳоҷиратӣ – барои иқомати доимӣ. Қонунгузории муҳоҷиратии ИМА барои шумо, вобаста ба мақсади сафаратон, навъҳои гуногуни раводидро муайян кардааст. Дархосткунанда вазифадор аст, ки тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро ба консул барои гирифтани тасмими зарурӣ пешниҳод кунад. Ҳангоми мусоҳиба дархосткунанда бояд ба консул мақсади сафарашро шарҳ дода тавонад ва исбот кунад, ки барои ин сафараш ӯ маблағи кофӣ дорад. Дархосткунандагон ҳамчунин бояд консулро мутмаин созанд, ки онҳо дар Тоҷикистон алоқамандиҳои доимӣ ва мустаҳкам доранд (оила, кор, моликият ва ғайра) ва ин алоқамандиҳо, баъди адои мӯҳлати сафарашон дар ИМА, сабабгори ба ватан баргаштани онҳо мегарданд. Ба шахсоне, ки дар Тоҷикистон камтар аз шаш моҳ зиндагӣ кардаанд, маслиҳат дода мешавад, ки барои раводиди ИМА ба маҳали иқомати доимиашон муроҷиат кунанд, ки дар он ҷо онҳо вазъи иҷтимоиву иқтисодии хешро беҳтар исбот карда метавонанд.
Маълумоти фаврӣ дар бораи коронавирус барои дархосткунандагони раводид:
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар давоми 14 рӯз пеш аз воридшавӣ ба Иёлоти Муттаҳида дар Африқои Ҷанубӣ, Бразилия, Ирландия, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин – ба ғайр аз Минтақаҳои мухтори махсуси Ҳонконг ва Макао – Ҷумҳурии Исломии Эрон ё 26 кишваре, ки минтақаи Шенгенро ташкил медиҳанд, ҳузур доштанд, вурудашон тибқи Эъломияи президентӣ боздошт шудааст. Агар Шумо пеш аз сафар ба Иёлоти Муттаҳида дар Чин ё Эрон иқомат доштед, ба қарибӣ ба ин кишварҳо сафар карда будед ё нияти сафар карданро доред, мо тавсия медиҳем, ки мусоҳибаи худро барои дархости раводид то 14 рӯз пас аз баргаштан аз ин кишвар(ҳо) ба вақти дигар гузаронед.
Барои маълумоти иловагӣ, лутфан инҷоро бубинед: https://travel.state.gov/content/travel/en/News/visas-news/presidential-proclamation-coronavirus.html
Раводиди навъи «Cафари хусусӣ ё хидматӣ» (В1-В2)
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд раводиди батакрор ба муддати як солро соҳиб шаванд. Аксари онҳое, ки барои раводиди навъи «Сафари хусусӣ ё хидматӣ» муроҷиат мекунанд, навъи раводиди якҷояшудаи В1/В2 – ро дарёфт менамоянд.
Раводиди навъи «Сафари хидматӣ» барои машғул шудан ба фаъолияти меҳнати дар ИМА иҷозат намедиҳад, вале дорандаи он метавонад дар чорабиниҳои гуногун (вохуриҳо, гуфтушунидҳо, тренингҳо ва ғайра), ки аз онҳо даромад намегирад, иштирок кунад. Ҳамчунин, шумо метавонед ба ИМА барои табобат ва ё ба сифати хидматгори хонавода сафар кунед.
Ҳузури шахсии дархосткунанда дар мусоҳиба барои дарёфти раводиди ғайримуҳоҷиратӣ
Ҳар як нафаре, ки ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунад, новобаста аз синну солаш, бояд соҳиби раводиди эътибордоштаи ИМА бошад. Вале бояд қайд намуд, ки гирифтани раводид барои кӯдакон осонтар аст. Муҳимтар аз ҳама, кӯдакони синни то 14-соларо зарур нест, ки шахсан ба мусоҳибаи консул ҳозир шаванд. Ба ҷои онҳо ба мусоҳиба метавонанд волидайн ва ё шахсони дигари нигаҳбонашон ҳозир шаванд ва ин ҳам новобаста аз он, ки ин волидайн худашон низ ба Амрико сафар мекунанд ё не ва ё аллакай раводиди ИМА-ро доранд ё не. Барои маълумот, ба ин саҳифа назар кунед.
Мӯҳлати дида баромадани дархостҳо
Дар аксари ҳолатҳо консул дар охири мусоҳиба ба дархосткунанда тасмими гирифтаи худро хабар медиҳад. Агар қарор мусбӣ бошад, дархосткунандагон, маъмулан, метавонанд шиносномаи худро бо раводид соати 15:30 рӯзи кории дигар гиранд. Дар ин ҳолат онҳоро зарур аст, ки ҳамроҳашон санади пардохти боҷи маъмуриро биёранд.
Вале дар баъзе ҳолатҳо, барои тасмим гирифтан, консул метавонад маълумот ва ё ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб кунад. Баъзан моҳияти дархост баррасии маъмурии иловагиро талаб мекунад, ки ин ҳам вақти иловагӣ мехоҳад. Аз ин ру, Шуъбаи консулӣ тавсия медиҳад, ки хоҳишмандон ҳарчи пештар барои раводид муроҷиат намоянд, то дар лаҳзаҳои охир ба ягон мушкиле ру ба ру нашаванд. Банд кардан ва ё харидани чиптаи ҳавопаймо то дарёфти раводид ва гирифтани он аз Шуъбаи консулӣ маслиҳат дода намешавад.
Барои гирифтани маълумот оид ба раводид ва раванди дарёфти он, лутфан ба саҳифаи Шуъбаи умури консулӣ муроҷиат намоед.