Раводид барои кори муваққати (раводиди навъи H,L,P ва О)
Кори муваққатӣ дар ИМА аз шумо доштани раводиди навъи муайянро талаб менамояд. Барои аксари навъҳои раводиди кори муваққатӣ зарур аст, ки аввал корфармо ба Хадамоти муҳоҷират ва шаҳрвандии ИМА (USCIS) ариза навишта, барои даъвати коргари муваққатӣ иҷозат гирад ва танҳо пас аз ин, шумо метавонед барои дарёфти раводид муроҷиат кунед. Маълумоти бештарро оиди ариза барои кори муваққатӣ шумо метавонед дар сомонаи USCIS дар саҳифаи Дар бораи раводид барои кори муваққатӣ ва корфармоёне, ки аз дигар кишварҳо коргари муваққатӣ даъват мекунанд пайдо кунед.