Пардохти ҳаққи хизматрасонии I-901 SEVIS

  1. Раводид барои донишҷӯён
  2. Пардохти ҳаққи хизматрасонии I-901 SEVIS

Пардохти ҳаққи хизматрасонии I-901 SEVIS барои раводид барои донишҷӯён ва иштирокчиёни барномаи табодули таълимӣ

Шурӯъ аз мохи ноябри с. 2004 Департаменти амнияти дохили барои пӯшонидани хароҷоти барномаи донишҷӯён ва табодули таълимӣ маблағ ҷамъ менамояд, ки он аз ҷониби Конгресси ИМА тасдиқ шудааст.

Донишҷӯёни хориҷӣ ва иштирокчиёни барномаҳои табодули бояд ҳатман маблағи мазкурро пардохт намоянд, ки он барои идоракунӣ ва нигаҳдории Низоми информатсионии донишҷӯён ва иштирокчиёни барномаҳои табодули таълимӣ (SEVIS), дастгирии чорабиниҳо оиди таъмини талаботи қонун ва пардохти маоши ҳамоҳангсозони (кормандони) барномаҳои SEVIS истифода мешавад. Ҳамохангсозони барномаҳо ҳамчун манбаи иттилооти дақиқу бамаврид барои донишҷӯёни хориҷӣ ва мактабҳои маҳалли хизмат намуда, ҳамчунин барои таҳийаи барнома ва тайёр намудани ҳисобот оиди амалигардии он мусоидат менамоянд.

SEVIS низоми автоматикунонидашудаи ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва коркарди маълумот дар бораи донишҷӯёни хориҷӣ ва иштирокчиёни барномаҳои таълимӣ дар тамоми муддати будубошашон дар Иёлоти Муттаҳида буда, барои ба қайд гирифтан ва назорати пардохти маблағҳои I – 901 истифода мешавад.