Бинобар захираҳои маҳдуд ва таъмин намудани ҷойҳои холӣ барои аризадиҳандагони Тоҷикистон, мусоҳибаҳо барои дарёфти раводид танҳо барои шаҳрвандон ва иқоматкунандагони Тоҷикистон дастрас мебошанд.
РАВОДИДҲОИ ДОНИШҶӮӢ: Шӯъбаи консулӣ огоҳ аст, ки ширкатҳое дар Тоҷикистон бардурӯғона изҳор доранд, ки гуё онҳо бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иртибот доранд. Баъдан онҳо бардурӯғона изҳор мекунанд, ки метавонанд гирифтани раводиди донишҷӯиро ба Иёлоти Муттаҳида кафолат диҳанд ва довталабонро маҷбур месозанд, ки бо онҳо шартнома баста, 15000 доллари ИМА ё бештар барои хизматрасонии ин ширкатҳо пардохт кунанд. Ягон ширкат кафолати гирифтани раводидро дода наметавонад. Ягона ташкилоти расмии таълимие, ки мо бо он шарикем ин EducationUSA мебошад. Агар шумо дар бораи таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида саволе доред, лутфан бо онҳо тамос гиред.
Ҷараёни воридшавии донишҷӯён ва мусофирон тибқи барномаҳои табодулӣ
Донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона (Academic Students), ки бо раводиди навъи (F-1) ба ИМА ворид мешаванд, ҳуқуқ доранд дар яке аз муассисаҳои таълимии зерини аз ҷониби Департаменти амнияти дохилӣ тасдиқшуда таҳсил кунанд:
- коллеҷ ва ё донишгоҳ;
- семинария;
- консерватория;
- мактаби миёнаи умумӣ (барои дорандагони раводиди навъи F-3 –мактаби ибтидоӣ);
- барномаҳои омӯзиши забонҳо.
Таҳсил дар мактабҳои ибтидоии ҷаъиятӣ (public elementary school) ва ё барномаҳои таълимӣ барои калонсолон (Adult Education Program), ки бо пули ҷамъиятӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, мумкин нест. Муддати таҳсил дар мактабҳои миёнаи ҷамъиятӣ маҳдуд аст ва пардохти маблағи таҳсилро ба муассисаи таълимии маҳаллӣ талаб мекунад.
Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ (Vocational Students), ки бо раводиди навъи (М-1) ба ИМА ворид мешаванд, ҳуқуқ доранд дар яке аз муассисаҳои касбомӯзии (ғайри барномаҳои омӯзиши забонҳо) зерини аз ҷониби Департаменти амнияти дохилӣ тасдиқшуда таҳсил кунанд:
- коллеҷи ҷамъиятӣ (Community college) ё ибтидоӣ (Junior college), ки маълумоти касбӣ-техникии эътирофшуда медиҳад;
- мактаби миёнаи касбомӯзӣ (vocational high school);
- мактаби соҳибкорӣ ё касбие, ки баъди гирифтани маълумоти миёнаи ҳатмӣ қабул мекунад (Post-secondary vocational or Business school);
- мактаби таълими касбӣ ба ғайр аз барномаҳои омӯзиши забонҳо;
- мактаби омехтаи маълумоти миёна ва касбӣ бо додани афзалият ба таълими касбӣ.
Барои омӯзиши забонҳо дар ин мактабҳо танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки агар он бо мақсади аз худ кардани мавзӯи асосии таълими касбӣ сурат гирифта бошад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар барномаҳои табодулии Департаменти давлатӣ (Exchange Visitors Programs) иштирок мекунанд, ба Иёлоти Муттаҳида бо раводиди навъи (J-1) сафар мекунанд. Барномаи мазкур ба хотири тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигари олам тариқи табодули одамон, дониш ва малака тарҳрезӣ гаштааст.
Омодагӣ ба сафар
Тайёрӣ ва тарҳрезии хуби сафар ба донишҷӯён ва иштирокчиёни барномаҳои табодулӣ имкон медиҳад, ки аз сар задании ҳама гуна мушкилот ҳангоми воридшавӣ ба марзи ИМА эмин бошанд. Барои ин чораҳои пешакии зеринро андешидан лозим аст:
- қабл аз тарк кардани ватани худ мутмаин бошед, ки шиноснома ва раводиди Шумо эътибори худро гум накардаанд. Шиносномаи Шумо бояд ҳадди ақал ба муддати шаш моҳи баъди интиҳои муддати сафари эҳтимолии Шумо ба ИМА эътибор дошта бошад;
- мутмаин гардед, ки раводиди Шумо тибқи раддабандии саҳеҳи раводидҳо (Correct visa classification) содир карда шудаасту ба мақсади сафаратон ба ИМА мувофиқ аст;
- агар дар варақаи раводид номи муассисаси таълимие, ки Шумо дар он таҳсил хоҳед кард ва ё барномаи табодулие, ки Шумо дар он иштирок мекунед зикр гардида бошанд, мутмаин бошед, ки ин номҳо саҳеҳ дарҷ гардидаанд. Дар сурати пайдо кардани хатогӣ дар маълумоти варақаи раводид барои дарёфти раводиди нав ба сафорат ё консулгарии ИМА муроҷиат намоед.
- донишҷӯён ва иштирокчиёни барномаҳои табодулие, ки бори аввал ба Амрико сафар мекунанд, имкон доранд то 30 рӯз пештар аз мӯҳлати муайяншуда ба барномаашон қабул шаванд;
- ҳангоми сафар кардан Шумо бояд ҳуҷҷатҳои заруриатонро на дар бағоҷ, балки ҳамроҳи худ нигаҳ доред, зеро бағоҷи Шумо метавонад гум шавад ва ё дер ояд, ки дар натиҷа Шуморо метавонанд ба Иёлоти Муттаҳида роҳ надиҳанд.
Ҳуҷҷатҳои зерин ҳатман бояд ҳамроҳи Шумо бошанд:
шиносномаи дорои раводиди ғайримуҳоҷират;
- намунаи I-20AB, I-20MN, ё DS-2019 марбут ба SEVIS;
- гувоҳномаи имконоти моли Шумо.
Ғайр аз ин ба Шумо тавсия дода мешавад, ки ҳамроҳатон ҳуҷҷатҳои зеринро низ дошта бошед:
- ҳуҷҷатҳое, ки аз донишҷӯ ва ё иштирокчии барномаи табодулӣ буданатон шаҳодат медиҳанд (расиди пардохти маблағи таҳсил (tuition receipts), рӯнависи баҳоҳо (transcripts) вағ.);
- ному насаби Маъмури масъули муасисаи таълимӣ ва ё барнома ва маълумот барои тамос бо ӯ;
- қалам ва ё ягон асбоби дигари навиштанӣ.
Агар Шумо тариқи ҳавопаймо ба Амрико сафар доред, ҳангоми парвоз пешхидматони ҳавопаймо бароятон намунаи Эъломияи гумрукӣ CF – 6059 (Customs Declaration) тақсим карда медиҳанд. Ин намунаҳоро дар ҳавопаймо пур карда, ҳангоми расидан ба сарҳад ба маъмури Хадамоти гумрук (Customs and Border Protection Officer) супоред. Агар Шумо дар пур кардани намунаҳо душворӣ кашед, барои кӯмак ба пешхидматон муроҷиат намоед.
Пас аз расидан ба нуқтаи воридшавӣ ба терминали мусофирони воридшаванда барои тафтишу расидагӣ биравед. Итминон дошта бошед, ки бо худ шиноснома, намунаи I-20 ё DS-2019 барои SEVIS, намунаи CF– 6059 (Эъломияи гумрукӣ) –ро барои пешниҳод ба маъмури Хадамоти гумрук доред.
Мисли ҳама мусофирони воридшуда аз Шумо низ сабаби ба Амрико омаданатонро хоҳанд пурсид. Аз Шумо ҳамчунин хоҳиш карда мешавад, ки оиди нуқтаи охирини сафаратон маълумоти бештар пешниҳод намоед. Бисёр муҳим аст, ки Шумо ба маъмури Хадамоти гумрук ва ҳимояи сарҳад дар бораи донишҷӯ ё иштирокчии барномаи табодулӣ буданатон хабар диҳед. Ҳамроҳ кардани нишонии мактаб ё ташкилоти сарпарасти барномаатонро низ фаромӯш накунед.
Агар Шумо барои иштирок кардан дар ягон тренинги иловагӣ аз рӯи хоҳиши худ иҷозат дошта бошед, ин маълумотро дар саҳифаи сеюми намунаи SEVIS қайдкунед.
Пас аз он, ки тафтиши Шумо ба охир расид, маъмури гумрук:
- ба рӯи намунаи SEVIS-и касоне, ки тибқи раводиди навъи (F) ва (J) сафар карда истодаанд, мӯҳр зада, мӯҳлати иқомати онҳоро (Duration of status (“D/S”) муайян мекунад;
- ба рӯи намунаи SEVIS-и касоне, ки тибқи раводиди навъи (М) сафар карда истодаанд, мӯҳр зада, мӯҳлати иқомати онҳоро (duration of status (“D/S”) 30 рӯз зиёдтар аз муддати анҷоми барномаашон, вале на зиёдтар аз як сол, муайян мекунад;
- намунаи SEVIS-ро ба Шумо баргардонида медиҳад.
Талабот барои тафтиши иловагӣ:
Агар маъмури бозрасӣ (Inspector) натавонад, ки маълумоти пешниҳодкардаи Шуморо фавран санҷад ва ё Шумо ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ надошта бошед, Шуморо метавонанд ба Шӯъбаи тафтишоти иловагӣ фиристанд, ки дар он ҷо маъмурони бозрасӣ барои дарёфти маълумоти зарурӣ ва тадқиқоти иловагӣ хоҳанд гузаронид. Ин тафтиш ба таври ҷудогона берун аз навбати умумӣ сурат хоҳад гирифт, то ба вуруди мусофирони дигар халал нарасад.
Тавсия дода мешавад, ки Шумо ному насаб ва рақами телефони Мушовири донишҷӯёни хориҷии (Foreign student advisor) муассисаи таълимӣ ва ё масъули барномаи табодулиро ҳамроҳ дошта бошед, то дар сурати пайдо шудани зарурат барои аниқ кардани чунин маълумот тавонед онро пешниҳод кунед. Агар вақти сафари Шумо ба рӯзҳои истироҳат ва ё баъд аз соати корӣ мувофиқ афтода бошад, пас Шуморо зарураст, то рақами телефони ҳамроҳ ё дигар телефони иловагиеро дошта бошед, ки тариқи он ин шахси масъулро пайдо карда шавад.
Дар сурати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ё вайрон кардани қоидаҳои гузаштан аз сарҳад метавонанд ба донишҷӯ ё иштирокчии барномаи табодулӣ метавонанд барои ворид шудан ба ИМА иҷозат надиҳанд. Агар донишҷӯ ё иштирокчии барномаи табодулӣ ҳуҷҷатҳои зарурро қисман пешниҳод карда бошад, ба номи ӯ метавонанд намунаи I-515A – Огоҳӣ ба донишҷӯ ё иштирокчии барномаи табодулӣ (Notice to Student or Exchange Visitor) содир кунанд. Ин намуна ба донишҷӯ ё иштирокчии барномаи табодулӣ имкон медиҳад, ки то 30 рӯз дар Иёлоти Муттаҳида иқомат кунаду дар ин муддат ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунад. Дар сурати иҷро накардани талаботи ин ҳуҷҷатҳо нисбати ин нафар чораҳои қатъӣ дида мешаванд.
Донишҷӯёне, ки таҳсилашонро идома доданӣ ҳастанд:
Донишҷӯёне, ки дар ИМА таҳсил мекунанду мехоҳанд берун аз он сафар кунанд, бояд бо мушовири донишҷӯёни хориҷӣ (foreign student advisor) маслиҳат карда аз Маъмури мутасаддии (Designated School Official) муассисаи таълимиашон тасдиқнома гиранд, ки он дар саҳифаи сеюми намунаи I-20 барои SEVIS ё саҳифаи аввали намунаи DS-2019 сабт карда мешавад. Ҳангоми баргаштан ба ИМА ин гуна донишҷӯ ё иштирокчии барномаи табодулӣ бояд намунаи эътибордоштаи I-20 барои SEVIS ё намунаи DS-2019-ро бо имзои Маъмури мутасаддии муассисаи таълимӣ (Designated School Official) ё Маъмури масъули барномаи табодулӣ (Responsible Officer) пешниҳод кунанд, ки он дар дарсҳо ё дар барнома фаъолона иштирок кардани онҳоро нишон диҳад.