Раводидҳои муҳоҷиратӣ

Гирифтани раводиди муҳоҷиратӣ барои ҳар нафаре, ки ба Иёлоти Мутаҳҳида бо нияти иқомат дар давоми вақти номуайян, новобаста аз он, ки ин шахс нақшаи ҷустуҷӯи корро дар Иёлоти Мутаҳҳида дорад ё не, талаб карда мешавад.

Аз 4-уми октябри соли 2022 Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад.  Дар давоми якум соли кор бо раводидҳои муҳоҷиратӣ, мо қабули шумораи зиёди аризадиҳандагонро аз Тоҷикистон, аз ҷумла аъзоёни оилаҳои шаҳрвандон ва иқоматкунандагони доимии ИМА, ғолибони лотереяи «Грин корт» 2023-ро (DV 2023) пешбинӣ мекунем.  То октябри соли ҷорӣ раводидҳои муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дар Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешаванд.  Ғолибони лотереяи «Грин корт»-и соли 2022 (DV2022) супоридани аризаҳои худро дар ш. Алмато то 30 сентябри соли 2022 идома медиҳанд.

Дар давоми шаш моҳи оянда мо бо Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алмато ҳамкорӣ хоҳем кард, то гузариши осонро таъмин кунем ва маълумоти бештарро ба аризадиҳандагони раводид дар сомонаҳои худ пешниҳод намоем.