Вақтҳои охир ба мо якчанд нафар муроҷиат карданд, ки аз дасти қаллобон зарар диданд. Қаллобон бо истифода аз номи ташкилоти дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгирбуда, амал карда, аз зарардигон барои хизматрасониҳо роҷеъ ба раводиди амрикоӣ пул меситониданд. Зарардидагон барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ даъватнома мегирифтанд ва барои хизматрасониҳои ба раводиди амрикоӣ тааллуқдошта, аз онҳо 2000 доллари ИМА талаб карда мешуд. Барои ба доми қаллобон наафтодан маълумоти зеринро бихонед:
- Мо хеҷ вақт аз почтаи электронии Gmail ба дархосткунандаи раводид мактуб намефиристем. Суроғаҳои расмии электронии Ҳукумати ИМА бо “.gov” итмом ёфта, ҳамаи мактубҳои ба раводид тааллуқдошта, ки ба Шумо на аз суроғаи электронии “.gov” меояд, бояд шубҳанок бошанд.
- Рӯйхати торномаҳои асосии Ҳукумати ИМА-ро, ки маълумоти расмӣ оид ба раводид ва муҳоҷират, аз ҷумла маълумоти бепул ва саволномаҳо доранд, метавонед дар инҷо дарёфт намоед: https://travel.state.gov/content/travel.html
- Мо ҳеҷ вақт аз Шумо пардохти маблағи дархостномаи раводидро тавассути чек, интиқоли бонкӣ ё системаи Western Union дархост намекунем. Маблағи дархостномаи раводид бо пули нақд дар рӯзи муайяншудаи мусоҳибаи Шумо пардохт карда мешавад.
- Дархостномаи раводид бепул буда, онро метавонед дар торномаи зерин дарёфт намоед: https://tj.usembassy.gov/visas/
- Мо ҳеҷ вақт аз Шумо тарҷума/барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои иловагиро дархост намекунем, то он даме, ки ҳуҷҷатҳои Шумо аллакай аз тарафи консул баррасӣ шуда бошанд ё худи Консул аз Шумо чунин амалро дархост кунад.
Агар Шумо аз қаллобии интернетӣ шикоят кардан хоҳед, аз сомонаи зерин дидан намоед: econsumer.gov. Ҳамчунин Шумо метавонед аз сомонаи Маркази арзу шикоятҳои ҷиноятҳои интернетии Бюрои федералии тафтишотии ИМА (FBI) дидан намоед: www.ic3.gov
Агар Шумо аз гирифтани мактубҳои нохоста мехоҳед шикоят кунед, пас ба Маркази шикоятҳо аз ҷиноятҳои интернетӣ ба инҷо The Internet Crime Complaint Center муроҷиат намоед, ки шарикии байни Бюрои федералии тафтишотии ИМА (FBI), Маркази миллии мубориза бо ҷиноятҳои хизматчиён (NW3C) ва Бюрои мусоидат ба адлия (BIA) мебошад: www.ic3.gov