- Мусоҳибаи фаврӣ
- Таҳсил ва барномаҳои табодул
- Саёҳат ва ташриф
Агар шумо дар асоси яке аз ҳолатҳои дар поён овардашуда ба сафари ғайричашмдошт ниёз дошта бошед, шумо метавонед вобаста ба мавҷудияти ҷойҳои холӣ дар Сафорат мусоҳибаи фавриро дархост кунед.
Донишҷӯён
Мақсади сафари шумо таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида буда, шумо ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ ҳастед:
Санаи оғози таҳсили шумо дар давоми 30 рӯз пас аз равон кардани дархост аст.
Дар давоми шаш (6) моҳи охир ба шумо раводиди ИМА рад карда нашудaаст.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- Формаи I-20
Эҳтиёҷоти тиббӣ
Мақсади сафар – ин гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ ё ҳамроҳӣ кардани хешованд, ё корфармо барои гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ ва ё аёдати хешованде мебошад, ки аз вазъияти таъҷилӣ ва ба ҳаёти ӯ таҳдидкунанда азият мекашад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- Мактуб аз духтури шумо бо тавсифи вазъи саломатӣ ва сабабҳои муроҷиат ба ёрии тиббӣ дар Иёлоти Муттаҳида.
- Мактуб аз духтур ё беморхонаи Иёлоти Mуттаҳида, ки дар он розигӣ аз онҳо ба қабул ва табобати бемории шумо ва инчунин арзиши тахминии табобат навишта шудааст.
- Далели тарзи маблағгузории табобатро бояд пешниҳод кунед.
Эҳтиёҷоти башардӯстона
Мақсади сафар – ин иштирок дар маросими дафн дар Иёлоти Муттаҳида ё ба ватан баргардонидани ҷасади хешованди наздик (модар, падар, бародар, хоҳар, фарзанд) аз Иёлоти Муттаҳида мебошад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- Нома аз директори хонаи дафн бо маълумот барои тамос, маълумот оид ба шахси фавтида ва санаи дафн.
- Шумо инчунин бояд далелҳоеро пешниҳод кунед, ки шахси фавтида хеши наздики шумост.
Сафари кории таъҷилӣ
Мақсади сафар – ин ҳалли масъалаи фаврии корӣ, ки зарурати сафарро пешакӣ пешбинӣ кардан ғайриимкон буд.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- Даъватнома аз ширкати дахлдори Иёлоти Муттаҳида, ки таъхирнопазирии сафари ба нақша гирифташударо тасдиқ мекунад, дар бораи хусусияти кор ва дар сурати номумкин будани мусоҳибаи фаврӣ аз талафоти назаррас ба ширкат маълумот медиҳад.
Ё
- Далели барномаи омӯзишии зарурӣ дар Иёлоти Муттаҳида.
- Шарҳи кай ба аризадиҳанда бори аввал дар бораи зарурати сафар ба Иёлоти Муттаҳида хабар дода шуд ва чаро ба мусоҳибаи муқаррарӣ сабти ном нашуда буд.
Рад кардани ESTA (Системаи электронии иҷозати сафар)
Шумо метавонед мусоҳибаи фавриро дархост кунед, агар шумо шаҳрванди кишвари шарики Барномаи вуруд бидуни раводид бошед, аммо огоҳинома гирифтаед, ки шумо дигар ҳуқуқи сафар ба Иёлоти Муттаҳида дар доираи ин барномаро надоред. Ба гурӯҳи чунин сайёҳон шахсоне дохил мешаванд, ки шаҳрвандии дугонаи Ироқ, Эрон, Судон ё Сурияро доранд, ё онҳое, ки пас аз 1 марти соли 2011 ба Ироқ, Эрон, Судон, Сурия, Либия, Яман ё Сомалӣ сафар кардаанд. Сафари шумо бояд таъҷилӣ бошад, то ки ба талаботҳои дархости мусоҳибаи фаврӣ ҷавобгӯ бошед. Лутфан сана ва мақсади сафари худро дар дархости худ ишора кунед.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- Нусхаи огоҳиномае, ки аз Хадамоти гумрук ва ҳифзи сарҳади ИМА оид ба мақоматон дар ESTA гирифтаед.
Эзоҳ: Сафарҳо бо мақсади иштирок дар тӯйҳо, маросимҳои хатмкунии муассисаҳои таълимӣ, кӯмак ба хешовандони ҳомиладор, иштирок дар конфронси солона/илмӣ/касбӣ ё саёҳатҳое, ки дер ба нақша гирифта шудаанд, ба меъёрҳои дархости мусоҳибаи фаврӣ ҷавобгӯ нестанд. Барои чунин сафарҳо, луфтан, ба мусоҳибаи маъмулӣ пешакӣ номнавис кунед.
Барои дархости мусоҳибаи фаврӣ, лутфан, аз Навигатор оид ба масоили раводидҳо истифода баред.