Раводидҳо

Афроди ғайримуқими Тоҷикистон:
Лутфан таваҷҷӯҳ диҳед, ки афроди ғайримуқими Тоҷикистон танҳо ба санаҳои зерин метавонанд худро барои мусоҳиба номнависӣ кунанд: 2 ва 26 октябр, 2 ва 9 ноябр, 7 ва 14 декабри с. 2023.  Мусоҳибаҳое, ки берун аз санаҳои муайяншуда интихоб мешаванд, лағв хоҳанд шуд.
Аз моҳи январи соли 2024 афроди ғайримуқими Тоҷикистон метавонанд ба ду рӯзи панҷшанбеи аввали ҳар моҳ худро барои мусоҳиба номнавис кунанд.

Сокинони Тоҷикистон:
Лутфан таваҷҷӯҳ диҳед, ки сокинони Тоҷикистон набояд ба санаҳое, ки барои афроди ғайримуқими Тоҷикистон муайян шудаанд, номнависӣ кунанд.  Мусоҳибаҳое, ки ба он санаҳо интихоб шуданд, лағв хоҳанд шуд.

Ҳадафи сафари тасмимгирифтаи шумо ва дигар далелҳо муайян месозанд, ки кадом навъи раводид тибқи қонуни муҳоҷиратии ИМА лозим аст.  Ҳамчун аризадиҳанда барои гирифтани раводид бояд исбот кунед, ки шумо ба талаботҳои гирифтани раводиди категорияи лозима ҷавобгӯй мебошед.  Барои омода кардани аризаи худ ба шумо зарур нест, ки аз хизматҳои ширкати касбӣ истифода баред.  Маълумоти пурраро дар бораи супоридани ариза барои раводид метавонед аз пайвандҳои зерин дарёфт намоед.

Барои муайян намудани категорияи раводиди мувофиқ барои мақсади сафари худ ба ИМА аз феҳрасти категорияҳои раводидҳо дидан намоед.

Санаҳои холии мусоҳибаро тариқи тақвими онлайнӣ дар сомонаи Сафорат дида метавонед.  Новобаста аз он, ки ҳузури шахсии кӯдакони то 14 сола дар мусоҳиба талаб карда намешавад, ҳар як аъзои оила ё гурӯҳе, ки мехоҳад якҷоя сафар кунад, худро бояд ба мусоҳибаи алоҳида номнавис кунад.  Волидайне, ки ба ҷои фарзандони то 14 солаи худ дар мусоҳиба иштирок хоҳанд кард, пешакӣ ба Шӯъбаи консулӣ бо истифода аз Навигатор оид ба масоили раводидҳо бояд мактуби электронӣ равон кунанд, то онҳоро ба Сафорат роҳ диҳанд.

Лутфан ШАРҲИ муҳимро оид ба раводидҳо барои кӯдакон бихонед.

Мусоҳибаҳои фаврӣ ба таври маҳдуд пешниҳод мешаванд.  Маълумоти муфассалро дар бораи ба талаботҳои дархости мусоҳибаи фаврӣ ҷавобгӯй будан ва чӣ тавр онро дархост кардан, дар инҷо бинед.

Департаменти давлатӣ кӯшиш мекунад, ки сафарҳои қонуниро ба Иёлоти Муттаҳида барои муҳоҷирону номуҳоҷирон осон кунад.

Департаменти давлатӣ Қоидаи ниҳоиро оид ба тағиротҳо ба ҳаҷми боҷӣ консулӣ барои коркарди аризаи баъзе аз раводидҳои номуҳоҷиратӣ (NIV) интишор кард.  Ин тағиротҳо дар Феҳристи федералӣ 28-уми марти соли 2023 нашр шудаанд ва аз 30-юми майи соли 2023 эътибор пайдо мекунанд.  Ҳаҷми боҷӣ консулӣ барои раводиди меҳмонӣ бо мақсади тиҷорат ё сайёҳат (B1/B2) ва дигар раводидҳои номуҳоҷиратии бидуни петитсия, ба монанди раводидҳои донишҷӯӣ ва раводидҳо барои иштирокчиёни барномаҳои мубодила, 185 доллар хоҳад буд.  Боҷи консулӣ барои баъзе аз раводидҳои номуҳоҷиратии дар асоси петитсия барои коргарони муваққатӣ (категорияҳои H, L, O, P, Q ва R) 205 долларро ташкил медиҳад.  Маълумоти иловагӣ дар бораи ҳаҷми боҷи консулӣ барои коркарди аризаҳо барои ҳамаи категорияҳои раводидҳо дар сомонаи Департаменти давлатӣ дастрас аст.

Ҳаҷми боҷи консулӣ барои коркарди аризаҳои раводидӣ дар асоси арзиши воқеии пешниҳоди хизматрасониҳои раводидии номуҳоҷиратӣ муқаррар карда шуда, пас аз гузаронидани омӯзиши арзиши ин хизматрасониҳо муайян карда мешавад.  Департамент барои ҳисоб кардани хароҷоти пешниҳоди хизматрасониҳои консулӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои раводидӣ, ҳамасола Методологияи ҳисобкунии хароҷотро вобаста ба намуди фаъолият (ABC) истифода мебарад.  Ҳаҷми боҷи консулӣ барои аксари раводидҳои номуҳоҷиратии бидуни петитсия бори охир дар соли 2012 ва барои баъзе аз раводидҳои номуҳочиратӣ бори охир дар соли 2014 тамдид карда шуда буд.

Ба аризадиҳандагони эронӣ тавсия дода мешавад, ки ба Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар шаҳрҳои Ереван, Дубай ва Анқара муроҷиат намоянд.  Ин намояндагиҳо маҳз барои қабули аризаҳои шаҳрвандони Эрон таъйин шудаанд ва мутахассисони форсизабон доранд, ки метавонанд аризаҳои шаҳрвандони Эронро барои гирифтани раводид баррасӣ карда, қарор қабул кунанд.

Раводидҳои муҳоҷиратӣ

Раводид ин ҳуҷҷати расмии сафар аст, ки аз ҷониби консулгарӣ ва ё сафорати ИМА содир карда мешавад ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маъмури консулгарӣ шуморо барои бо мақсади муайян ба ИМА сафар кардан арзанда донистааст. Он ба шумо имкон медиҳад, ки ба яке аз нуқтаҳои воридшавӣ ба ИМА сафар карда, аз маъмури муҳоҷирати “Вазорати амнияти дохилӣ” (Department of Homeland Security (DHS) ва ё “Хадамоти гумрук ва марзбонӣ” (Customs and Border Protection (CBP) иҷозати ворид шудан ба ИМА-ро дархост кунед. Доштани раводид ба шумо кафолати ворид шудан ба ИМА-ро намедиҳад.

Маъмурони Вазорати амнияти дохилӣ (DHS) ва Хадамоти гумрук ва марзбонӣ (CBP) барои иҷозат додани вурурди мусофирон ба ИМА ба мӯҳлати муайян ва бо мақоми муайян масъул мебошанд. Вазорати амнияти дохилӣ (DHS) ҳамчунин барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират дар давраи будубоши шумо дар ИМА вазифадор аст.

Намудҳои раводид:
Раводиди ғайримуҳоҷиратӣ барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки ба шакли доимӣ берун аз ИМА иқомат доранду мехоҳанд ба Иёлоти Муттаҳида муваққатан ба хотири сайру саёҳат, соҳибкорӣ, табобат, кори муваққатӣ, таҳсил ва ё табодули таҷриба сафар кунанд. Раводиди ғайримуҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Шӯъбаи консулии Сафортати ИМА дар Душанбе содир карда мешавад.

Раводиди муҳоҷиратиро касоне дархост мекунанд, ки мехоҳанд дар Иёлоти Муттаҳида ба мӯҳлати номуайян ва ё ба шакли доимӣ иқомат кунанд. Пас аз ворид шудан ба ИМА барои дорандагони раводиди муҳоҷиратӣ, Корти иқомати доимӣ (I-551), ки бо номи Грин Кард (Green Card) машҳур аст, коркард мешавад. Коркарди раводиди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сафорати ИМА дар Алмато, Қазоқистон сурат мегирад.

Департаменти давлатии ИМА раванди додани раводидҳоро ба таври шадид ва ғайримуғризона назорат мекунад, ки ин тадбир барои ҳифозати босамари Иёлоти Муттаҳида равона шудааст. Мо сиёсати дарҳои кушодаро дунболагирӣ мекунем, чунки Иёлоти Муттаҳидаро ҳамеша бо ин хислати меҳмоннавозӣ мешинохтанд. Иёлоти Муттаҳида меҳмононро истиқбол ва хушпазироӣ менамояд.

Мо ба шумо – дархосткунандаи раводид, ваъда медиҳем, ки:

  • Мо ба шумо бо ҳурмату эҳтиром муносибат хоҳем кард, ҳатто агар ба шумо раводид дода натавонем
  • Мо ба шумо ҳамчун шахси алоҳида муносибат хоҳем кард ва масъалаи шуморо дар алоҳидагӣ баррасӣ хоҳем кард.
  • Мо дар ёд хоҳем дошт, ки мусоҳиба доир ба масъалаи раводид барои шумо эҳтимолан як таҷрибаи нав ва изтиробовар бошад, ки боиси асабонӣ шудани шумо гардад.
  • Мо барои мусоҳиба вақти маҳдуд ҷудо мекунем ва дар ин муддат мо аз нақшаҳо ва ниятҳои сафари шумо тасаввуроти пурра пайдо мекунем.
  • Мо захираҳои дар ихтиёри худ доштаро истифода мебарем, то ки ба тамоми довталабон ҷиҳати саривақт гирифтани раводид барои сафар бо мақсади соҳибкорӣ, таҳсил ва дигар корҳои зарурӣ боадолатона мусоидат кунем.
  • Мо дар ҳар як сомонаи сафоратҳо ва консулгариҳо иттилооти муфассал ва дақиқ оиди талаботҳои раводидӣ ва тартиби иройяи аризаҳоро мегузорем.
  • Мо дар бораи вақти интизорӣ барои мусоҳиба доир ба гирифтани раводиди ғайримуҳоҷиратӣ дар ҳар як сафорат ва консулгарӣ иттилоот медиҳем. Ин гуна иттилоот дар сомонаи http://travel.state.gov интишор мегардад.
  • Мо оиди сабаби ба шумо надодани раводид тавзеҳ медиҳем.

Ғайр аз ин, агар шумо:

  • донишҷў ҳастед, мо кўшишҳои худро дареғ намедорем, то ки барои шумо мусоҳиба баргузор гардад ва, агар ҷавобгўи тамоми талаботҳо ҳастед, раводид барои шумо саривақт содир шавад.
  • табиб ё корманди соҳаи кўмаки башардўстона дар ҳолатҳои фавқулода ҳастед, мо раванди додани раводидро метезонем, хусусан барои онҳое, ки барои расонидани кўмак дар ҳолатҳои ба ҳаёт хатарнок раҳсипоранд.
  • соҳибкор ҳастед, мо механизмҳои муносибро эҷод мекунем, то ки сафарҳои кориатонро осон ва қулай гардонем, ба хусус агар кору фаъолияти шумо барои соҳаи соҳибкорӣ ва тиҷорати ИМА қобили таваҷҷўҳи хоса бошад.

Дар айни замон, мо аз шумо – дархосткунандаи раводид, интизорӣ дорем, ки:

  • шумо сафари худро ба нақша гирифта ва ҳар чи саривақттар барои гирифтани рафодид муроҷиат мекунед
  • аризаи муроҷиатиро ба таври пурра ва дақиқ омода месозед
  • ба мусоҳиба доир ба гирифтани раводид омодагии хуб мебинед, то ки дар бораи мақсаду нақшаҳои худ ба таври дақиқ ва мухтасар тавзеҳ диҳед.

Раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ барои онҳое зарур аст, ки мехоҳанд ба Иёлоти Муттаҳида муваққатан ба хотири сайру саёҳат, соҳибкорӣ, таҳсил ва ё табодули фарҳангӣ сафар кунанд.  Дархосткунандагони раводиди ғайримуҳоҷиратӣ бояд мусоҳибаро бо консули Иёлоти Муттаҳида таъйин намоянд.  Мусоҳибаҳо бояд пешакӣ таъйин гарданд.  Мо нафароне, ки бе таъйиноти қаблӣ меоянд, қабул намекунем.

Ҷараёни баррасии раводид ба ҳисоби миёна тақрибан ду рӯзро мегирад, вале зарурати баррасии маъмурии иловагӣ ва ё номукаммалии ҳуҷҷатҳои дархосткунандагони раводид, метавонад муддати баррасии раводидро ба таври назаррас зиёд намоянд.  Аз ин рӯ, мусоҳибаро бояд ҳадди ақал шаш ҳафта қабл аз санаи сафари эҳтимолии худ ба нақша гиред. То он даме, ки раводидро ба даст наоваред, шумо набояд чиптаҳои ҳавопаймоиро харидорӣ намоед.