Изҳорот ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Сафорати ИМА дар Душанбе
6 майи соли 2022

Изҳороти сафир Поммершайм дар остонаи 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Аврупо

Сафорати ИМА дар Душанбе мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 77-умин солгарди пирӯзии нерӯҳои муттафиқин бар фашизм дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм, табрик менамояд. Мо ба саҳм ва фидокориҳои беш аз 250 000 тоҷикон, ки дар миёни 34 миллион нафар сарбозони Артиши Сурх, дар иттиҳод бо Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Лаҳистон, Фаронса ва дигар иттифоқчиён хизмат кардаанд, эҳтиром мегузорем. Аъзои амрикоии ҷомеаи сафорати мо ин рӯзро бо ёдоварӣ аз падарбузургу модарбузургоне, ки дар баробари 16 миллион амрикоӣ дар ин ҷанг хизмат кардаанд, ҷашн хоҳанд гирифт.  Якҷоя неруҳои мо паҳлуи ҳам мубориза бурданд, то итминон ҳосил кунанд, ки даҳшати Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳаргиз такрор нахоҳад шуд.

Ҳангоме, ки мо 9 майро ҳамчун як пирузӣ барои сулҳ ҷашн мегирем, як кишвари мустақиле, ки аз ишғоли фашистон озод шуда буд, бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифт. Тамоми ҷаҳон шоҳиди тахриби деҳаҳо, шаҳрҳо ва зиндагии мардуми зиёди бегуноҳ тавасути артиши Русия ҳастанд. Президент Путин ба неруҳои худ дастур додааст, то дар як ҷанги аз пеш тарҳрезишуда ва бидуни таҳрик алайҳи Украина биҷанганд, ки ин бузургтарин ҳамла ба як кишвари аврупоӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мебошад. Нерӯҳои Русия бемористонҳои Украинаро бомбаборон намуда, шаҳрвандони ин кишварро ва ба кӯдаконаш осеби равонӣ ворид кардаанд.  Дар ҷаҳони имруза ин кирдорҳои ваҳшиёна наметавонад пинҳон монад ва нахоҳанд монд.  Барои ҷанги пешакарда ҳеҷ гуна далеле вуҷуд надорад.

Баробари наздик шудани рӯзи Ғалаба, халқҳои озод бори дигар эълон мекунанд, ки наметавон иҷозат дод то зулму ишғолгарӣ  дастболо шавад.  Тавре ки нерӯҳои муттафиқин дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то ба ғалаба расидан, дар соли 1945 ҷангиданд, мо шуҷоати украиниҳоро, ки барои дифо аз озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии кишвари худ меҷанганд, эътироф мекунем. Тавре котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен изҳор дошт: “Мо ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ҳамаи шаҳрвандони Украина, ки бо маҳорат, иродаи оҳанин ва шуҷоат аз кишвари худ дифоъ мекунанд, эҳтиром қоилем”.

Биёед таърихи муштаракамонро ба ёд орем ва он чи дуруст аст имрӯз анҷом бидиҳем. Мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба табрик мегӯям!