Душанбе, Тоҷикистон, 3 июни соли 2022 – Барои беҳтар намудани вазъи амнияти озуқаворӣ аз 2-юми июн то 15-уми июни соли 2022 дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон, ки таҳти ҳадафи Лоиҳаи USAID оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” қарор доранд, бастаҳои тухмии мош, каду ва нуриҳои минералӣ барои 1 сотиқ (0,01 га) ба 20 000 хонаводаҳои осебпазир, ки аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, тақсим карда мешавад. Ҳадафи ин фаъолият баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар сатҳи хонаводаҳо, ки аз ҷиҳати нерӯ ғанӣ ва захирашаванда бошанд, ва баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқавории ин хонаводаҳо дар давраи тирамоҳу зимистон мебошад.
Нигарониҳо оид ба сатҳи амнияти ғизоии хонаводаҳои осебпазир дар Тоҷикистон бар асари низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳо ва таҳримҳои молӣ афзоиш меёбад. Аллакай инҳо боиси болоравии нархҳо ва инчунин халалдор шудани занҷири таъминоти молҳои асосӣ гардида, ба сатҳи интиқоли маблағҳои интиқолӣ ба кишвар таъсир расонданд. Корманди USAID дар соҳаи кишоварзӣ дар Душанбе Мэтт Кертис чунин шарҳ додааст: “Ин иқдоми аввалини мо барои таъмини деҳқонони зери хатар аз ҳар гуна камбудиҳои эҳтимолӣ ва аз даст додани даромад мебошад. Мо ҳамарӯза вазъро назорат мекунем ва агар зарур бошад, дастгирӣ хоҳем кард.”
Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” тухмии мош ва кадуро барои мавсими кишт интихоб кардааст, зеро ин зироатҳо маъмулан аз ҷониби аксари хонаводаҳо корида мешаванд ва кафолат медиҳанд, ки маҳсулот талаф наёбад. Ин зироатҳо манбаи хуби нерӯ буда, витаминҳоро таъмин мекунанд ва онҳоро дар фасли зимистон ба осонӣ нигоҳ доштан мумкин аст; баргу пояи ин зироатхоро ҳамчун хӯрок барои чорвои хоҷагӣ истифода бурдан мумкин аст; ва маҳсулоти зиёдатиро ба осонӣ дар бозор фурӯхта, ба хочагӣ даромади иловагӣ ба даст овардан мумкин аст. Аз ҷониби кормандони бахши густариши соҳаи кишоварзӣ ва мушовирон/параагрономҳои деҳот барои дастгирии хонаводаҳои мавриди ҳадаф оид ба парвариш ва ҷамъоварии ду зироати интихобшуда барои мавсими имсола омӯзишҳо гузаронида мешаванд.
****
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи ин мавзӯъ, лутфан бо мо тавассути суроғаи электронӣ тамос гиред: ALG_info@dai.com