USAID дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маркази таълимӣ оид ба ғизо ва тибби исботшуда бунёд мекунад

Душанбе, Тоҷикистон 15 марти соли 2022 – Имрӯз Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино (ДДТТ) Маркази таълимӣ оид ба ғизо ва тибби исботшударо ҳусни оғоз бахшид. Ин иқдом дар доираи ҳамкориҳои USAID, Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоқикистон ва ДДТТ барои тақвиат додани низоми тандурустии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Маркази таълимӣ оид ба ғизо ва тибби исботшуда беҳтарин марказ дар соҳаи тадқиқот ва таблиғи ғизо ва тандурустӣ хоҳад буд. Бо такя ба таҷрибаҳои ҷаҳонии пешқадам, Марказ ба донишҷӯён ва донишҷӯёни ординатура ва аспирантура роҳҳои нави баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла маълумот дар бораи роҳҳои коҳиш додани норасоии ғизои кӯдакон ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳдоштро дар кишвар мусоидат мекунад.

Маркази таълимӣ оид ба ғизо ва тибби исботшуда сатҳи дониши кормандони донишгоҳ ва донишҷӯёнро оид ба ғизо ва тибби исботшударо баланд хоҳад кард ва дар масъалаҳои таҳия, татбиқ ва мониторинги роҳнамо ва протоколҳои клиникӣ вобаста ба баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ машварат хоҳад дод ва махзани иттилоотӣ оид ба ғизо ва тибби исботшуда барои амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ ва илмӣ дар сатҳи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (донишҷӯён, ординаторҳои клиникӣ, интернҳо, аспирантҳо, докторантҳо, донишҷӯёни курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ) таъсис хоҳад дод.

USAID низоми тандурустии Тоҷикистонро дар пешниҳоди хизматрасониҳои босифати вобаста ба саломатии модар, навзод ва кӯдак ва ғизои кӯдак тавассути таҳкими иқтидори техникӣ, роҳбарӣ, менеҷмент ва иқтидори ислоҳоти сиёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо ва ҷомеаҳои тандурустро дастгирӣ хоҳад кард.

USAID – агентии пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба ҳайси муҳаррик барои ноилшавӣ ба рушди босубот баромад мекунад.  Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/tajikistan ва сафҳаи дар Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe