Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан М. Эллиотт ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи нави назорати силро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз намуданд. Ҳадафи ин барномаи минтақавӣ такмили ташхис ва табобати сил дар Тоҷикистон мебошад. Барномаи мазкур идомаи барномаҳои қаблии USAID мебошад, монанди инҳо: “TB CARE I”, “Тандурустии босифат” (QHCP) ва “Муошират оиди ВНМО ва бемории сил”.
Дар натиҷаи ҳамкории муштараки USAID ва Ҳукумати Тоҷикистону дигар шарикон дар мубориза бар зидди сил вазъият дар панҷ соли охир ба эътидол оварда шуд. Аммо, бино ба ҳисоботи охирини умумиҷаҳонӣ дар бораи сил афзоиши шакли мутобиқгаштаи сил дар ҳамаи панҷ кишвари Осиё Марказӣ боиси нигаронӣ аст. Ҳадафи барномаи панҷсолаи USAID оиди назорати сил паст намудани сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба беҳтаргардонии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобати бемории сил бо истифода аз усулҳои ба бемор нигароншуда, тақвияти таҳлилгоҳу дигар қисматҳои тандурустӣ дар вилояти Суғду Хатлон ва водии Рашт, ҳамчунин қабули ҳуҷҷатҳои танзимкунанда дар сатҳи миллӣ равона карда шудааст.
Сафир Эллиотт дастоварди бузурги USAID ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди сил қайд намуда, иқрор намуд, ки мубориза ҳануз ба охир нарасидааст.
Барнома аз ҷониби консортсиуми шарикон бо роҳбарии Лоиҳаи “ҲОУП” ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Шоҳигарии Нидерланд оид ба мубориза бар зидди бемории сил (KNCV), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Фонди СПИД Шарқу Ғарб амалӣ мегардад.
“Барномаи назорати бемории сил”-и USAID бо буҷаи пешбинигардидаи 13,2 миллион доллари ИМА дар муддати панҷ сол боз як мисоли кӯмаки Ҳукумати ИМА барои беҳтар намудани саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Кумакҳои грантии USAID ба Тоҷикистон ҳоло ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 30 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 30% ба соҳаи тандурустӣ равона шудааст.