USAID барномаи навро оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ оғоз менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 12-уми майи соли 2021 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи нави минтақавии оид ба захираҳои об ва муҳити зистро оғоз намуд. Дар тӯли панҷ сол лоиҳа, бо буҷаи 24 миллион доллари амрикоӣ дар ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои оби фаромарзӣ дар ҳавзаҳои Сирдарё ва Амударё, амалӣ карда мешавад.

Дар сухани ифтитоҳии худ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс қайд намуд, ки идоракунии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, бинобар маҳдуд будани захираҳои об, афзоиши аҳолӣ ва таҳдиди шадиди тағирёбии иқлим, душвор мегардад. «Дар даҳсолаи охир, USAID бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти захираҳои об, тавассути таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҷонибҳои манфиатдор, ҷиҳати андешидани чораҳои пайваста ва амалӣ, барои самаранок истифода, ҳифз ва нигоҳ доштани захираҳои об, бомувафақият ҳамкорӣ намудааст. Ин иқдоми нави USAID ба баланд бардоштани субот, некӯаҳволии иқтисодӣ ва устувории экосистема барои мардуми Осиёи Марказӣ ва Афғонистон кӯмак хоҳад кард”, гуфт ҷаноби Симмонс.

Дар ин чорабинии маҷозӣ (онлайн) намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист, Агентии мелиоратсия ва бехдошти замин, ташкилотҳои минтақавии вобаста ба об, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишкадаҳо ширкат варзиданд. Иштирокчиён мушкилоти ҷумҳурӣ ва минтақавиро дар соҳаи идоракунии захираҳои оби фаромарзӣ дар робита бо амнияти обу энергетика ва озуқаворӣ муҳокима карданд ва қадамҳои минбаъдаро дар ин самт баррасӣ намуданд.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаҳо: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва https://www.usaid.gov/tajikistan, ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia