Ифтитоҳи стратегияи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2015-2019

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан Эллиотт ва роҳбари намояндагии минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ Ҷонатан Эддлтон стратегияи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ барои солҳои 2015-2019 дар Осиёи Марказӣ расман оғоз карданд. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Усмонзода ва сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиризода Ҷалил низ дар ин чорабинӣ иштирок дошта, тарафдорию дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати фаъолияти муштарак барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегияи нави панҷсола барои Тоҷикистон изҳор намуд.

Бо оғози ин стратегияи нав USAID ба рушди савдо ва бозорҳои рақобатпазиру мухталиф, вусъат додани ҳамкории минтақавӣ дар масоили захираҳои муштараки обию энергетикӣ ва дастгирӣ ба фаъолияти самараноку фарогири идораҳои идоракунӣ таваҷҷӯҳ хоҳад дод. USAID барои пурзӯру тобовартар шудани иқтисоди давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади афзоиши савдои наздисарҳадӣ, аз ҷумла бо Афғонистон ва минтақаи васеи Осиёи ҷанубӣ, ва афзоиши имкониятҳои дарёфти даромад барои мардуми камбизоат кӯмак мерасонад. Дуюм, USAID ҳадафи онро дорад, ки масъалаҳои муштараки захираҳои обу энергетика на сарчашмаи низоъ, балки асос барои ҳамкорӣ шуда, ба идоракунии самараноку одилонаи ин ду захираи муҳими фаромарзӣ ноил шавад. Ва охиран, USAID ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи талаботи шаҳрвандон ва такмили иқтидори мақомоти миллӣ ва маҳаллӣ барои расонидани хизматрасонии сифатбаланди иҷтимоӣ кӯмак мерасонад. Ин ба коҳиши ҳавфҳо ба саломатӣ ва баландшавии савияи саводнокӣ мусоидат хоҳад кард.

Сафир Эллиотт 20 соли ҳамкории муваффақро байни ИМА ва Тоҷикистон қайд намуда, дар бораи нақши бузурги Тоҷикистон дар таъмини пешравию суботи минтақавии Осиёи Марказӣ таъкид намуд. Роҳбари намояндагии минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ Ҷонатан Эддлтон афзуд, ки ин стратегияи нав қисми давраи нави ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Аз соли 1992 инҷониб USAID бо Ҳукумату мардуми Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ барои мусоидат ба ҷамъияти пешрафта, солиму дурандеш ҳамкорӣ менамояд. Дар ин муддат USAID тақрибан 2,2 миллиард доллари амрикоиро дар ин минтақа сармоягузорӣ намудааст. Дафтарҳои намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Алмато, Ашқобод, Астана ва Тошкант ҷойгиранд ва бо намояндагии USAID дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек робитаи наздик дорад. Вале чӣ тавре, ки ҷаноби Эддлтон дар суханронии худ қайд намуд: USAID дар маконҳои мухталиф намояндагӣ дорад, лекин як мақсад дорад, ки ҳамкории минтақавӣ ва пешравии умумии Осиёи Марказӣ вусъат ёбад.