USAID Форуми солонаи Тиҷоратии Осиёи Марказиро дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон ташкил мекунад

АлмаатоҚазоқистон, 10 октябри соли 2019 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) чорабинии байналмилалӣ – нӯҳумин Форуми Тиҷоратии Осиёи Марказӣ, 12-13 ноябри соли 2019 дар меҳмонхонаи “Rixos Khadisha Hotel” дар Шимкент баргузор менамояд.

Шимкент маркази муҳими минтақавӣ ба шумор меравад, ки иқтисодиёти кишварҳои минтақаро бо ҳам пайваста, ҳамчун маркази транзити интиқоли молҳо аз тамоми минтақа хидмат мекунад. Дар форуми мазкур роҳбарони ширкатҳо, намояндагони бахши давлатӣ ва коршиносони соҳа аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Мавзӯи анҷумани имсола “Равишҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ дар бахши меваю сабзавот” мебошад. Иштирокчиён бо технологияҳои нав, имкониятҳои сармоягузорӣ, дурнамои рушди тиҷорат, ки ба созиши муносибатҳои нави шарикӣ баҳри ҳамкориҳои оянда мусоидат мекунанд, шинос мешаванд.

Рӯзи аввали форум, иштирокчиён бо равишҳои гуногуни инноватсионӣ ва сармоягузорӣ дар бахши меваю сабзавот дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он шинос мешаванд. Коршиносони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҷаласаи худро оид ба истеҳсоли мева ва сабзавот, аз ҷумла дар бораи афзоиши ҳосил, сармоягузорӣ ва молия ва равандҳои технологӣ, баргузор мекунанд. Мутахассисони барномаи рушди СММ бо истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дар минтақа шинос мекунанд.

Ширкати байналмилалии омӯзишии “CERT Academy” конферонси амалии байналмилалиро оиди “Тағйир додани тафаккур дар системаи идоракунӣ бо стандартҳои нави ISO 9001: 2015, ISO 22000: 2018 ва ISO 45001: 2018” мегузаронанд.

Рӯзи дуюми форум ба иштирокчиён имконияти шиносоӣ бо маркази муосири нақлиётӣ-логистикӣ ва ё омӯхтани иқтидори сайёҳии минтақаи Туркистони Қазоқистон пешниҳод карда мешавад.  Ҳамчунин, Форуми имсола бо намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ “AgriTech 2019” дар Қазоқистони Ҷанубӣ – намоишгоҳи технология, таҷҳизот, истеҳсолот ва маҳсулоти боғдорӣ, ки рӯзҳои 13-15 ноябри соли 2019 ба нақша гирифта шудааст, рост меояд.

Иёлоти Муттаҳида сарпарасти асосии форум дар доираи лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва ҷойҳои корӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Шарикони дигар – портали кишоварзии Агробиз Қазоқистон, Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон АТАМЕКЕН, Академияи CERT, БАТР ва БРСММ мебошанд.

Барои бақайдгирӣ ва дастрас кардани маълумоти бештар дар бораи Форуми Тиҷоратии Осиёи Марказӣ, лутфан ба сомонаи www.catradeforum.org ворид шавед.

Обуна шавед ва дар Facebook навигариро пайгирӣ кунед.

https://www.usaid.gov/central-asia-regional