USAID форуми cодиротии “Бохтар фуд – 2022”-ро дар Тоҷикистон баргузор менамояд

шаҳри Бохтар, Тоҷикистон, 25 майи соли 2022, – Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) форуми содиротии “Бохтар фуд – 2022”-ро дар шаҳри Бохтар сарпарастӣ намуд, ки дар он зиёда аз 200 иштирокчӣ аз манотиқи мухталиф ва дигар кишварҳо ҷамъ шуданд. Чорабинӣ, ки дар якҷоягӣ бо Ҳукумати вилояти Хатлон ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, ба тиҷорат ва робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он мусоидат менамояд.

Имсол истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон бо харидорон аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо, барои мусоидат ба содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, робита барқарор карданд. Иштирокчиён аз боғҳое, ки барои афзоиш додани маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ роҳҳои инноватсиониро истифода бурдаанд, дидан намуданд. Барои бартараф намудани монеаҳо барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷонибҳои манфиатдори бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар “майдони муколама”-и B2G мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронӣ дар форуми содиротӣ муовини директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Ҷеймс Пэрис қайд кард: “Дар тӯли зиёда аз даҳ сол USAID ба рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Мо итминон дорем, ки такмил додани тиҷорати минтақавӣ боиси рушди иқтисодӣ, мустаҳкам шудани робитаҳои байнисарҳадӣ мегардад, ки дар ниҳоят ба пойдории устуворӣ дар минтақа оварда мерасонад”.

USAID аз соли 2018 форумҳои тиҷоратии ҳамасоларо дар вилояти Хатлон дастгирӣ мекунад, ки дар якҷоягӣ онҳо ба рушди тиҷорати нав барои деҳқонон мусоидат мекунанд. Дар форуми соли гузаштаи “Бохтар фуд – 2021” истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон барои содироти меваи хушк, ангур ва пиёз бо харидорон аз Гурҷистон, Қазоқистон, Литва, Покистон, Туркия ва Россия шартнома ба маблағи беш аз се миллион доллари ИМА имзо карданд.

Соҳаи кишоварзӣ калонтарин бахши иқтисоди Тоҷикистон буда, 22,6%-и ММД-и кишварро ташкил медиҳад ва 45,7% қувваи кории Тоҷикистонро бо ҷои кор таъмин менамояд. Бо мақсади рушди тиҷорати кишоварзӣ USAID ба иттиҳодияҳои кишоварзӣ, кооперативҳо, интеграторҳои бозор ва ҳамчунин корхонаҳои хурду миёна, мувофиқ ба дархости онҳо, барои истифодаи пурраи имкониятҳои бозори дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, кӯмак мерасонад.

###

USAID – агентии пешбари рушди байналмилалӣ дар ҷаҳон буда, ба талошҳо барои ноил шудани натиҷаҳо дар соҳаи рушд суръат мебахшад. Барои дарёфт намудани маълумоти муффасал ба сомонаи USAID-Осиёи Марказӣ: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia ташриф оред.