Душанбе, Тоҷикистон, 16 апрели соли 2021 — 8-9 апрели Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавссути Агентии оид ба рушди байналмилали (USAID) мизбони як вебинари дурӯза, таҳти унвони “Занон дар ҳунарҳои дастӣ: имкониятҳо барои ҳамкорӣ ва тиҷорати рақамӣ” барои занони ҳунарманд ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти дастӣ, дар саросари Афғонистон ва Осиёи Миёна, гардид. Ҳадафи ин чорабинӣ дарки беҳтари талаботи бозор, шиносоӣ бо бозорҳои нав ва беҳбуди сифати маҳсулот буд. Ин омӯзиш дар доираи яке аз лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, тиҷорат ва эҷоди ҷойҳои кор дар Осиёи Марказӣ ва барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии Вазорати савдои ИМА, бо мусоидати Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, баргузор гардид.
Беш аз 100 иштирокчӣ аз Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон бо намояндагӣ аз ҳунармандони зан ва истеҳсолкунандагонии маҳсулоти дастӣ, намояндагони ассотсиатсияҳои занони соҳибкор, созмонҳои ғайридавлатӣ, платформаҳои тиҷорати электронӣ ва Палатаи тиҷорат ва саноати занони Афғонистон, ҳузур доштанд. Ин чорабинии омӯзишӣ имкон дод, то арзишҳои мероси фарҳангӣ ва суннатҳо дар сохти пушоки миллӣ, қолинҳо ва маҳсулоти дастӣ бо дониши ҳозиразамон оиди бозор, пайвастагии тиҷорати электронӣ ва истифода аз платформаҳои фуруши онлайн муттаҳид гардонида шаванд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин созмонҳо аз ИМА, ки таҷрибаи ғании фурӯш ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ ва харидорони корпоративӣ доранд, шикркат намудад.
Нигина Икромӣ, Раиси созмони ҷамъиятии “ Рушди эҷодиёт дар Тоҷикистон” дар суханронии худ дар ин вебинар чунин қайд намуд: “Дар ҳоле ки пандемия ҳамаро таҳти таъсири худ қарор додааст, занони ҳунарманд беш аз ҳама осеб диданд. Бо баргузории вебинари мазкур, мо як қадами дигар ба самти коҳиш додани таъсири ин буҳрон хоҳем гузошт ва умедворам бо талоши муттаҳидсозии роҳбарони зан дар сатҳи минтақа, занони тоҷик дар бозорҳои нав муваффақ хоҳанд шуд”.
USAID барои густариши огаҳӣ аз маҳсулоти дастсози барҷастаи ҳунармандони Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон як каталоги электронӣ эҷод хоҳад кард. Ин дастрасӣ ба бозор аз тавссути пешниҳоди моделҳои нави тиҷорат ва платформаҳои электронӣ густариш дода шуда, суннатҳои маҳаллиро ҳифз мекунад, сифати маҳсулотро беҳбуд мебахшад ва бо истифодабарии технологияҳои навовар таъсирот ба муҳити зистро коҳиш медиҳад. Дар маҷмуъ, ин талошҳо ба пойдории иқтисодии дарозмуддати занони ҳунарманд дар минтақа мусоидат хоҳанд кард.
###
USAID агентии бартари байналмилалии рушди ҷаҳонӣ ва як омили таҳриккунанда аст, ки натиҷаҳои рушдро муайян мекунад. Барои дарёфти иттиллоти бештар ба вебсайти USAID – Осиёи Марказӣ: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифа дар фейсбук: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia муроҷиат кунед.