USAID ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишнома имзо карданд

ш. Алмато, Қазоқистон, 1-уми июни с. 2022 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба шарикӣ барои густариши ҳамкорӣ дар манобеи барқароршавандаи энергия, самаранокии энергия, захираи энергияи ва дигар соҳаҳо ҷиҳати дастгирии декарбонизатсияи босуръати бахшҳои барқ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ оғоз намуданд.

Имрӯз USAID ва БАТР шарикии худро дар мубориза бо тағирёбии иқлим бо имзо намудани Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкорӣ оид ба ташаббусҳои декарбонизатсия дар Осиёи Марказӣ тақвият доданд. Муовини ёрдамчии мудири USAID оид ба давлатҳои Осиё Анҷали Каур ва директори иҷроияи БАТР оид ба Осиёи Марказӣ Жушана Харгитай дар маросиме, ки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Алмаз Саухимов дар Донишгохи энергетика ва телекоммуникатсияи Алмато баргузор шуд, шарике, ки USAID бо он барои беҳтар намудани барномаҳои таълимӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҷрибаи техникӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ менамояд, Ёддошти тафоҳумро ба имзо расониданд.

Зимни суханронии ифтитоҳии худ хонум Каур изҳор намуд: «Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ диди умумии худро баҳри ҳалли яке аз мушкилоти бениҳоят ҷиддӣ дар замони муосир – бӯҳрони ҷаҳонии тағирёбии иқлим иброз медорад. Бо сабаби он, ки зиёда аз 40% ихроҷи диоксиди карбон ба истеҳсоли нерӯи барқ рост меояд, дар низоми энергетикии тамоми ҷаҳон ҳар як кушиш оид ба бехавф намудани оқибатҳои тағирёбии иқлим бояд азнавсозии низоми таъмини нерӯи барқро дар бар гирад. Мо бениҳоят хурсанд аз он ҳастем, ки ин Ёддошти тафоҳумро бо БАТР ба имзо расонем ва дар ин раванд кушишҳои муштараки худро оид ба ноил гардидан ба ояндаи камкарбон дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ намоем».

Тавассути фаъолияти худ дар соҳаи энергияи тоза USAID бо ҳукуматҳо ва донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ барои густариши истифодаи технологияҳои муосири энергетикӣ ҳамкорӣ менамояд, то ки дастрасӣ ба энергия барои тамоми аҳолӣ зиёд карда шавад ва сармоягузории бахши хусусӣ ба манбаҳои барқароршавандаи энергия барои беҳтар намудани зиндагии шаҳрвандони минтақа ҷалб карда шавад.

Дар даҳсолаи охир USAID нақши калидиро дар созмон додани таҳкурсии аз ҷиҳати иқтисодӣ қобили фаъолбудаи системаи энергетикии минтақавии Осиёи Марказиро мебозад. USAID инчунин заминаи меъёрӣ-ҳуқуқиро мустаҳкам намуд, то ки рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, афзоиш додани самаранокии энергия, рақамикунонии соҳаи энергетика ва тақвияти кибербехатариро таъмин намояд. USAID бо як қатор шарикони маҳаллӣ ва минтақавӣ барои тақвияти иқтидори маҳаллӣ, густариши ҳамкориҳо ва дастгирии қарорҳои бозории бахши хусусӣ ҳамкорӣ менамояд.

###

USAID агентии пешсафи байналмиллалӣ оид ба рушд буда, суръатбахши ноилшавӣ ба рушди устувор мебошад. Маълумоти иловагӣ дар сомонаи USAID https://www.usaid.gov/central-asia-regional дар Осиёи Марказӣ ва дар саҳифаи USAID дар Осиёи Марказӣ дар шабакаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia дастрас аст.