Ҳисор, Тоҷикистон, 19-уми августи соли 2021 – Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ҳамроҳ бо иҷрокунандаи вазифаи Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Рэнди Колстад ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дар маросими тақдими 464 китоби нави USAID бо ҳуруфи Брайл ва китобҳои калонҳаҷм дар мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва қобилияти биноияшон сусти шаҳри Ҳисор ширкат варзид. Масъулини соҳаи маориф, ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар маросими мазкур иштирок карда китобҳои хайриявиро қабул намуданд.
Вазири маориф ва илми кишвар Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ зимни сухани ифтитоҳии худ кумаки USAID-ро дар таҳкими соҳаи маориф баҳои баланд дода, қайд кард, ки он имкон фароҳам овардааст, ки таҳсилоти босифат дар Тоҷикистон барои кӯдакон, бахусус кӯдакони осебпазир, бештар дастрас гардад.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ сафир Поммершайм қайд кард: “Аз соли 1992 инҷониб ИМА бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ намуда, китобҳои бачагона, аз ҷумла бо ҳуруфи Брайл ва китобҳои калонҳаҷм эҷод мекунад, то ҳамаи кӯдакон имкони инкишофи майлу рағбат ба китобхонӣ ва рушди малакаҳои худро дошта бошанд”.
Такрибан 500 китоби иловагӣ то оғози соли хониш дар мохи сентябри 2021 ба мактабҳои махсуси кӯдакони дорои нуқсони биноӣ дар Ваҳдат ва Душанбе фиристода мешаванд.
Такмил додани малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоӣ дар маркази фаъолиятҳои USAID дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мебошад. USAID 80 фоизи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии Тоҷикистонро тавассути тақдими китобҳо, маводи таълимӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон дастгирӣ кардааст. Ин чорабинӣ идомаи таҷлили тақдими 1,3 миллион китоб аз ҷониби USAID ба зиёда аз 3000 муассисаи таълимӣ, аз он ҷумла 7320 китоб бо ҳуруфи Брайл ва китобҳо бо ҳарфҳои калон ба муассисаҳои таълимӣ дар саросари Тоҷикистон аз соли 2018 то имрӯз мебошад.
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаҳо: https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe нигаред.