Душанбе, Тоҷикистон, 7 июни соли 2018 – Хавйер Пйедра, ҷонишини ёвари Мудири Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, дар ҷаҳорчӯби нахустин сафари расмии худ ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Ҷонишини ёвари Мудир Пйедра, ки масъули барномаҳои рушди USAID дар минтақа, аз ҷумла барномаҳои марбут ба дастгирии рушди фарогир, таълим, саломатӣ ва амнияти озуқавӣ аст, барои шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти барномаҳои USAID дар Тоҷикистон аз Душанбе ва Хатлони ғарбӣ боздид кард.
Дар Хатлон ҷонишини ёвари Мудир Пйедра бо фаъолияти барномаи ИМА “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ва ибтикороти марбут ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ шинос шуд. Ӯ ба якчанд маҳали лоиҳаҳо ташриф овард, аз ҷумла ба боғи наздимактабӣ, ки хонандагони мактабро бо ғизои солим таъмин мекунад; сардхонаҳое, ки қисми таркибии ташаббусҳои USAID оид ба рушди арзиши пайдарҳами боғпарварӣ барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, яке аз 20 ширкатҳои агротехникӣ мебошад, ки аз ҷониби USAID дар соли сипаришуда кӯмак ба даст оварда буд, имкониятҳои бештарро ба деҳқонон барои фурӯши маҳсулоти истеҳсолгардида фарохам меоваранд. Ӯ ҳамчунин бо Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва мақомоти расмӣ дар шаҳри Душанбе барои баррасии фаъолияти ҷорӣ ва ояндаи USAID ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.
USAID ва роҳбарияти он ҷонибдори расонидани кӯмак ва дастгирии дарозмуддат ба мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар давоми 26 соли гузашта, Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ба барномаҳое, ки амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии кишварро дастгирӣ мекунанд, бештар аз 1,8 миллиард доллари ИМА маблағ фароҳам кардааст. USAID агентии пешбари Ҳукумати Амрикост, ки ҳамроҳ бо мардуми Осиёи Марказӣ ба бунёд кардани рушди иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунад.