Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ваксинаи зидди бемории фалаҷро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастрас намуд

Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Насим Олимов, директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Кейтлин Макдоналд ва намояндаи доимии ЮНИСЕФ Лючия Элми дар маросими тақдим намудани ваксина зидди бемории фалаҷ ба миқдори 900 000 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар Маркази миллии эмкунӣ сурат гирифт,ширкат варзиданд.

Бино ба дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, USAID бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO), Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) ва Вазорат миқдори лозимаи ваксинаро дар якҷоягӣ мушаххас намуданд. USAID ваксинаи зидди бемории фалаҷро тавассути низоми харидории ЮНИСЕФ дастрас намуд. Арзиши ин кӯмак тақрибан 233.000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Новобаста ба он ки Тоҷикистон мақоми кишвари озод аз фалаҷро ба даст овард, соли 2010, баъд аз 13 сол бидуни ягон ҳолати гузориш ин беморӣ аз сари нав хуруҷ гирифт. Кӯмаки мазкур ҷиҳати пешгирӣ намудани хуруҷи навбатии беморӣ ба пиёда намудани барномаи самаранок ва мунтазам оид ба эмкунӣ мусоидат мекунад.

Сафир Эллиотт таъкид намуд, ки ба ҳамаи шарикон зарур аст ҷиҳати таъмини устувори барномаи эмгузаронӣ бар зидди ҳама гуна бемориҳои, ки бо ваксина пешгирӣ карда мешаванд ҳамкорӣ намоянд.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст. Ҳамасола кӯмаки грантии USAID ба Тоҷикистон 30 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 30 дарсади он соҳаи тандурустиро фаро мегирад.