USAID дастовардҳоро дар соҳаи тиҷорати минтақавӣ ва шуғл қайд мекунад

Asian woman and girl are working in a warehouse

Душанбе, Тоҷикистон, 24 январи соли 2022 – Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) анҷоми бомуваффақияти лоиҳаи панҷсолаи минтақавӣ оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва таъсиси ҷойҳои корӣ қайд намуд. Лоиҳаи мазкур ба содирот аз Осиёи Марказӣ ва афзоиш додани шуғл дар бахши боғдорӣ, хизматрасониҳои нақлиёту логистикӣ ва сайёҳӣ мусоидат кард. Фаъолияти лоиҳа рақобатпазириро бомуваффақият баланд бардошта, тиҷоратро дар ин бахшҳо дар минтақа ва берун аз он афзоиш дод.

USAID ба 34 лоиҳаи инноватсионӣ, ки тавассути Фонди инноватсионӣ дар якҷоягӣ маблағгузорӣ мешавад, бо мақсади ҳавасманд намудани шарикон барои амалисозии ташаббусҳои инноватсионӣ дар бахшҳои боғдорӣ, нақлиёту логистика ва сайёҳӣ, барои афзоиши содирот, рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъсис дода шудааст, 1,97 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кард. Фонди инноватсионӣ барои сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ маблағи 5,89 миллион доллари ИМА-ро ҷалб кард, ки дар натиҷа 23 ширкат 634 ҷойҳои нави кориро таъсис доданд ва 13 корхона маҳсулоти худро ба 37 бозори нав содир намуданд.

USAID инчунин пешрафти назаррасро дар рушди бахши боғдорӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ намуд. Масалан, ӯ барои пешбурди минтақа ва маҳсулоти он рушди бренди “Таъми Осиёи Марказӣ”-ро дастгирӣ кард. Инчунин, USAID феҳристи виртуалии содиркунандагони маҳсулоти боғдории Осиёи Марказиро таъсис дод, ки харидорони аврупоӣ ва осиёиро ба вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо бо ин ширкатҳои Осиёи Марказӣ ҷалб намуд. Ин чорабиниҳои байни “корхона-ба-корхона” боиси баста шудани шартномаҳо ба маблағи 17,5 миллион доллари ИМА гардид.

USAID дар ҳамкории зич бо ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, кумитаҳои миллии сайёҳӣ ва зиёда аз 400 намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати таъсис ва пешбурди бренди минтақавии сайёҳӣ барои ташрифи Осиёи Марказӣ, ки дар саросари ҷаҳон зиёда аз 24 миллион маротиба тамошо шудааст, корҳоро анҷом дод. USAID дар ҳамкорӣ бо маҷаллаи сайёҳии WideOyster Нашри махсус дар бораи Осиёи Маркази дар онлайн-платформаи сайёҳии дар ҷаҳон эътирофшуда омода сохт. USAID харитаҳои баландсифати панорамии 3D-и маконҳои сайёҳии Осиёи Марказиро таҳия сохт, то ба сайёҳон барои омӯхтани минтақа илҳом бахшанд. Харитаҳоро дар саросари ҷаҳон зиёда аз ду миллион маротиба тамошо карданд. USAID инчунин тавсифи муфассали 31 хатсайри нави сайру сайёҳӣ, ки беш аз як миллион сайёҳони эҳтимолиро фаро мегиранд, таҳия ва нашр намуд. Ин дастгирӣ ба он мусоидат кард, ки маҷаллаи Lonely Planet Осиёи Марказиро дар моҳи январи соли 2020 макони беҳтарини сайёҳии ҷаҳон номид.

USAID ассосотсиатсияи Шарикӣ оид ба нақлиёт ва логистикиро таъсис дод, ки ба он 150 иттиҳодияҳои азимтарин дар бахши нақлиёт ва логистика ва ширкатҳои хусусии Осиёи Марказӣ шомил шуданд. Шарикӣ ҷонибдорони бахши хусусиро дар пешбурди ислоҳоти сиёсати давлатӣ, ки ба рафъи монеаҳои тиҷоратӣ, беҳтарсозии гардиши молҳо, баландбардории рақобатпазирии минтақавӣ ва афзоишдиҳии шуғл дар бахши нақлиёт ва логистика нигаронида шудааст, фаъолона дастгирӣ намуд.

USAID ба Узбекистон дар шомил шудани он ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) кумак намуд ва бо Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ дар таҳияи лоиҳаи Ёддошти кишвар дар бораи низоми савдои хориҷӣ ҳамкорӣ кард, дар посух ба саволҳои аъзоёни СУС кумак расонид, ба бозбинии беш аз бист қонун мусоидат намуд, зиёда аз 1000 саҳифаи қонунгузориро тарҷума кард ва чорабиниҳои омӯзишии марбут ба СУС-ро баргузор намуд.

Дар давоми фаъолияти панҷсолаи худ лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои корӣ чорабинии ҳамасолаи Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ки ба рушди тиҷорати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, ташкил намуд. Дар тӯли ин муддат, форум ба як бренди хуб шинохта табдил ёфт, ки дар давоми панҷ сол беш аз 16 000 намояндагони тиҷорат ва шахсони расмиро барои муҳокимаи мавзӯъҳои асосии тиҷорат ва ба роҳ мондани шарикӣ бо мақсади афзоиши тиҷорати минтақавӣ ҷалб кардааст. Дар рафти форумҳо шумораи рекордии муомилот-шартномаҳо ба маблағи зиёда аз 88 миллион доллар ба имзо расид.

5 октябри соли 2021 USAID лоиҳаи нави панҷсолаи худро оид ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ ба маблағи 19 миллион доллари ИМА эълон кард, ки дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Лоиҳаи USAID оид ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ ба дастгирии чандинсолаи USAID дар соҳаи тиҷорат, рушди корхонаҳо ва ҳамкориҳои минтақавӣ, бо мақсади суръат бахшидан ба инкишоф аз ҳисоби ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ, васеъкунии муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ ва беҳтаркунии ҳамкориҳо байни корхонаҳо асос хоҳад ёфт.

###

USAID агентии пешсаф оид ба рушди байналмилалӣ дар ҷаҳон буда, қувваи пешбаранда дар ноилшавӣ ба натиҷаҳои рушд мебошад. Барои гирифтани маълумоти бештар ба сомонаи USAID дар Осиёи Марказӣ: https://www.usaid.gov/central-asia-regional  ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia ташриф оред