USAID тавоноии муайянсозии геномии COVID-19-ро дар Тоҷикистон тақвият мебахшад

Душанбе, Тоҷикистон, 1 марти соли 2022 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ягона дастгоҳи муайянсозии махсуси геномӣ-секвенаторро барои озмоиши шаклҳои гуногуни бемории COVID-19-ро азнавсозӣ менамояд. Дастгоҳи мазкур бо таҷҳизот ва мавод, ки аз ҷониби USAID таъмин шудааст, фаъол мегардад ва омӯзиши нав дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Пас аз таҳвили дастгоҳ лоиҳаи USAID оид ба “Устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ” – Ташаббуси мубориза бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон даври омӯзишӣ оид ба муайянсозии геномии (ирсияти) шаклҳои вируси COVID-19-ро барои мутахассисони таҳлилгоҳҳо оғоз менамояд. Коршиносони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ қарор аст барои 6 мутахассиси таҳлилгоҳи Муасисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” омӯзиш-трейнингҳо анҷом бидиҳанд. Дар натиҷа, мутахассисони омӯзонидашуда иқтидори гузаронидани таҳлилҳо ва гирифтани натиҷаҳоро мустаҳкам менамоянд. Ҳамчунин онҳо тарзи нигоҳдории секвенатор ва дигар таҷҳизотҳоро низ хоҳанд омӯхт. Баъд аз анҷоми омӯзишҳо дар низоми таҳлилгоҳҳои Тоҷикистон бори нахуст имконияти муайян намудани шаклҳои гуногуни COVID-19 ба монанди Delta ва Omicron фароҳам хоҳад гашт. Саривақт ва дақиқ муайян намудани шаклҳои COVID-19 дар вокуниши муассир бар зидди ин беморӣ калидӣ маҳсуб меёбад, аз он ҷумла дар эмкунӣ ва дигар тадбирҳое, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешавад.

“Ман аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба низоми тандурустии Тоҷикистон тағироти бунёдӣ ва навоварона меорад ва муборизаи муассирро бар зидди COVID-19 таъмин менамояд, хеле ифтихор мекунам”, зикр намуд Джеймс Пэрис, Иҷрокунандаи вазифаи директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон.

Маблағи навсозии дастгоҳ ва харҷи омӯзиши кормандони низоми таҳлилгоҳҳои миллӣ қисме аз ҳисоби 12 млн. доллари ИМА барои кумак барои пешгирии COVID-19 мебошад, ки аз ҷониби USAID барои Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 ҷудо гардида шудааст. Дастгирии ИМА талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо пандемияи COVID-19 ва тақвияти низоми тандурустиро мустаҳкам менамояд; маводҳои таъҷилӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо сироят, аз ҷумла барномаҳои густариши санҷиши COVID-19 харидорӣ менамояд; кормандони тиббиро бо таҷҳизоти муҳофизатӣ таъмин менамояд; таъминоти оксигенро барои муассисаҳо зиёд мегардонад; таҳлилгоҳҳои реаксияи занҷири полимеразиро (PCR) бо таҷҳизоти беҳтар муҷаҳҳаз мегардонад; назорати бемориҳо ва идоракунии клиникиро беҳтар гардонида, бо маълумоти нодуруст мубориза мебарад. Илова бар ин, барои дастгирии вокуниши миллии COVID-19 зиёда аз 2,6 миллион вояи ваксинаи Moderna ва Pfizer аз ҷониби ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон таъмин карда шудаанд.

USAID – Агентии пешбари байналмилалӣ оид ба рушд ва яке аз фаъолони таккондиҳанда мебошад, ки барои расидан ба натиҷаҳои рушд кумак мерасонад. Маълумоти бештарро аз сомонаи зерин дарёбед:https://www.usaid.gov/tajikistan ва аз саҳифаи расмии Facebook пайдо намоед: https://www.facebook.com/usembassy.duahanbe