Душанбе, Тоҷикистон, 14 сентябри соли 2020 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) фаъолияти нави панҷсоларо бо маблағи як миллион доллари амрикоӣ, ки барои пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ равона шудааст, эълон намуд, ки иҷрокунандаи он ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» мебошад. Дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миллии мубориза бо бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин фаъолият табобати саривақтӣ ва нигоҳубини беморони силро аз ҷумлаи маҳкумшудагон ва шахсони ба наздикӣ озодшуда таъмин менамояд.
Паҳншавии бемории сили шакли мутобиқгашта, дар натиҷаи нодуруст муолиҷа кардани он, пеш аз ҳама дар ҳабсхонаҳо ва дар байни маҳбусони озодшуда яке аз хафҳҳои калонтарин барои ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад. Бемории сил ва ВНМО ҳамчун сироятҳои ҳамрадиф дар байни маҳбусон бештар ба назар мерасанд, ки барои худ ва ҷомеа хатари калон доранд. Таввасути ин лоиҳа, USAID ва Aфиф системаи устувори ташхиси саривақтии бемории сил, табобати босамари шахсони гирифтори бемории сил ва риояи дурусти реҷаи табобатро дар байни маҳбусон ва маҳбусони бо бемории сил озодшуда, сили шакли мутобиқгашта ё сил/ВНМО ҷорӣ менамояд. Барои беҳтар гардонидани назорати вазъи бемории сил, дар доираи лоиҳа пурзур намудани ҳамкориҳо ва дастгирии муштараки шабакаҳо байни раёсати тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, хадамоти мубориза бо бемории сили сохтори шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба ин барнома дастгирии қаблии USAID оид ба пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон асос гузоштааст. USAID ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷорӣ намудани реҷаи нави табобати бемории сили шакли мутобиқгашта, ки мӯҳлати табобатро аз 24 моҳ то 9 моҳ кўтоҳ мекунад, мусоидат намуд. Инчунин, USAID доруҳои навро, ки метавонанд ҳаёти одамони гирифтори бемории сили шакли мутобиқгаштаро наҷот диҳанд, муаррифӣ кард. Бо дастгирии USAID, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун усулҳои босуръати ташхиси бемории сил, аз он ҷумла GeneXpert-ро истифода мебарад, ки ба одамони бо бемории сил сироятёфта гирифтани табобати саривақтиро имконият медиҳад.
USAID дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалисозии Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистонро, тавассути таъмин намудани пешгирии босамар ва дастрас, ташхис ва табобатро дастгирӣ менамояд.
###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia