Душанбе, Тоҷикистон, 23-юми феврали соли 2018 – Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Усули ба бемор равонагардидаи табобати бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз намуд. Дар ин семинари дурӯза қариб 100 нафар силшиносони сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллӣ, сиёсатмадорон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, USAID, Ташкилоти Умуммиҷахонии Тандурустӣ (ТУТ), Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО, сил ва табларза, намояндагони дохилию хориҷии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи мазкур мубодилаи афкор, таҷриба, дастовардҳо ва сабақҳои гирифташударо дар самти бемории сил ва усулҳои табобати ба бемор равонагардидаро, баррасӣ намуданд.
Ҳадафи усули табобати ба бемор равонагардида ин табобати бемории силро дастрас, баробар ва самранок намудан мебошад ва он, инчунин, ба таъмин намудани дастрасии баробар ба табобати амбулаторӣ ва дастгирии беморон дар ҷомеа равона шудааст. Бо таввачуҳ ба талаботи шахсони алоҳида, табобати амбулаторӣ ва ғамхорӣ нисбат ба беморони сил ба онҳо имконият медиҳад, ки табобати худро берун аз беморхона гиранд ва дар баробари ин кору фаъолиятро давом диҳанд, ки ин боиси аз байн бурдани доғгузорӣ нисбати ин бемории сироятшаванда, аммо табобатшаванда, мегардад.
Иштирокчиён дар семинари мазкур роҳҳои татбиқи усулҳои беҳбуд бахшидан ба ташхисҳои лабораторӣ баррасӣ намуда, ба масъалаҳои васеъ намудани имкониятҳои табобат ва дастгирӣ барои ҳамаи беморони сил ва васеътар намудани нақши ҷомеъаи шахрвандӣ дар мубориза бар зидди бемории сил, аз ҷумла, дар робита бо шахсони осебпазир, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Иштирокчиёни семинар тавзеҳи бо кадом роҳҳо кӯшишҳои барономаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории силро барои табобати ин беморӣ, наздиксозии мардум ва ҷомеа, ва паҳн намудани кушишҳои мазкур дар саросари кишвар, баррасӣ намуданд. Дар фарҷоми семинар иштирокчиён нақшаи кориро бо тавсияҳои мушаххас барои беҳтар намудани сифат, дастрасӣ ва хизматрасонии тиббии саривақтӣ барои мубориза бар зидди бемории сил таҳия намуданд.
Тоҷикистон дар қатори 30 кишвари дорои сатҳи баланди шакли мутобиқгаштаи бемории сил ва 18 кишвари муҳими минтақаи аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) оид ба мубориза бар зидди бемории сил қарор дошта, содиқона татбиқи роҳҳои ба бемор равонагардидаи ташхиси бемории сил, табобат ва пешгирии онро ба анҷом мерасонад. Оғоз аз соли 2014 USAID дар якҷоягӣ бо шарикони миллии худ “Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил” – ро барои дастгирии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, дар заминаи беҳбуд ва тавсеаи усулҳои ба табобати бемор равонагардида, бахусус, шакли мутобиқгаштаи бемории силро, амалӣ менамояд. Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои панҷ сол пешбинӣ шудааст, ки барои татбиқи он маблағи 13,2 млн. доллари ИМА ҷудо гардидааст. Мақсади асосии барноами махзкур коҳиш додани сатҳи бемории сил ва аз байн бурдани паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон, маҳсуб мегардад.
Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, омӯзиши кормандони тиб барои таҳкими системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо шарикон ва беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати бемории силро дар бар мегирад.