Таъмини дастрасӣ ба об ва беҳдошт дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби USAID ва Фонди Оғохон

Роштқалъа, Тоҷикистон, 30 сентябри соли 2021 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оғохон (AKF) дар доираи барномаи «Тоҷикистони шукуфон: Ҳамкорӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ» расман системаи нави таъмини оби ошомиданӣ ва ҳоҷатхонаи мактабӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуд. Системаи таъминоти оби нӯшокӣ тақрибан 448 нафар дар деҳаҳои Медон ва Савирро бо оби тоза ва боэътимод таъмин мекунад ва ҳоҷатхонаи мактаб барои 434 хонанда ва омӯзгор дастрасӣ ба шароияти муносиби санитарӣ беҳтар кард.

Барномаи «Тоҷикистони шукуфон: Шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ» барномаи панҷсола буда (барои солҳои 2018-2023), ба таҳкими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии фарогири ҳамаи 16 ноҳияи Тоҷикистон равона шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд. 

Дар доираи барномаи «Тоҷикистони шукуфон» бо дастгирии USAID ва Фонди Оғохон то ба имрӯз дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Панҷ ва Роштқалъа системаҳои таъмини оби ошомиданӣ ва ҳоҷатхонаҳои мактабӣ бунёд карда шуданд, ки барои 5506 нафар дар пайдо кардани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва дар беҳтар гардондани шароити беҳдошт ва гигиена барои 1767 нафар кумак намудааст.

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ дастрас аст.