USAID ва Фонди Оғо Хон дастрасӣ ба об ва беҳдошт фароҳам меоранд

Панҷ, Тоҷикистон, 7 сентябри соли 2021  – Агетнии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва Фонди Оғо Хон, тавассути барномаи муштараки “Шукуфоии Точикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, расман шабакаи оби нушокии нав ва ҳоҷатхона дар муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Сафедорон ноҳияи Панҷ вилояти Хатлон, ифтитоҳ намуданд. Тариқи шабакаи оби нушокӣ зиёда аз 2,700 нафар одамон ба оби тоза ва бехатар дастрасӣ пайдо намуданд. Ҳоҷатхонаи мактаб бошад, дорои ҷойҳои алоиҳида барои мардон ва занон, дастрасии зиёда аз 640 нафар хонандагон ва омӯзгорони мактабро ба беҳдошти зарурӣ беҳтар намуд.

Дар чорабинӣ, вазири Рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанобӣ Завқизода Завқӣ Амин ба сокинони деҳа муроҷиҳат намуда қайд карданд, ки “Бошандагони деҳаи Сафедорон хушбахт ҳастанд. Қаблан онҳо оби хафнок аз ҷуйбор истеҳмол намуданд ва ҳозир бошад дар ҳоле ки мо 30 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем, мо инчунин омадани оби тоза ва бехатар бар ҳар як хона низ ҷашн мегирем”.

Сокинони деҳаи Сафедорон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба оби боэътимод дастраси надоштанд. Дар соли 2019, Ташкилоти деҳоти навтаъсисёфта, дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа, муайян намуд.

Фонди Оғо Хон ва Агентии Оғо Хон оид ба макони зист, бо дастгирии USAID, ниёзи ҷомеаро қонеъ намуданд. Бо мақсади таъмин намудани пойдории физикии инфрасохтори нав, “Шукуфоӣ Точикистон” инчунин кумитаи истифодабарандагони обро ба хотири назорат аз амалиёт ва идоракунии он, таъсис дод. Лоиҳа инчунин чорабинии таблиғотии ҷомеаро нисбати баланд бардоштани фаҳмиш ва ташвиқи тағироти рафтор, ки боиси беҳбуди таҷрибаҳои беҳдошт мегардад, оғоз намуд.

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи дар Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/