Душанбе, Тоҷикистон, 5 июни соли 2020 – Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оғохон (AKF) дар Тоҷикистон барои мубориза бар зидди эпидемияи COVID-19 дар ҳамкорӣ маблағи 2,6 миллион доллари ИМА-ро дар тӯли дувоздаҳ моҳи оянда иқдом мекунад. USAID ва AKF барои беҳтар кардани сифати кӯмак ба беморон, алахусус ба беморони вазнин, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бо ғизо, барои коҳиш додани паҳншавии вирус, ба ҷомеаҳо дар бораи COVID-19 маълумот медиҳанд.
Ҳамин тариқ, саҳми ҳукумати ИМА дар дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистон дар мубориза бар зидди COVID-19 беш аз 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки барномаҳои тандурустии USAID асосан дар ғарби Тоҷикистон мутамарказ шудаанд, бахши Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ (AKHS) бузургтарин муассисаи тиббӣ дар шарқи Тоҷикистон, инчунин дигар клиникаҳо ва шабакаи барномаҳои тандурустиро роҳбарӣ менамояд. Барои беҳтар кардани кӯмаки тиббӣ дар муассисаҳое, ки беморони гирифтори COVID-19-ро дар ин минтақаи дурдасти кишвар табобат мекунанд, USAID дар ҳамкорӣ бо AKHS ва AKF дар масъалаҳои омӯзонидани кормандони тиб дар соҳаи назорати сироят, истифодаи дурусти таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, идоракунии партовҳо ва роҳҳои дигари мубориза бо вирус кор мекунад. AKHS инчунин иқтидори худро барои ташхис ва табобати вирус тақвият медиҳад ва имконотро барои табобати беморони бештари сироятшуда фароҳам хоҳад овард.
Бо афзудани кӯмаки Иёлоти Муттаҳида, AKF ва Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) метавонанд ҷомеаро дар бораи ҳифзи саломатӣ аз сироят, масалан, тавассути тавсеаи имкониятҳои дастшӯӣ баланд бардоранд. Тибқи дастурҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, AKAH ва AKF тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, брошюраҳо ва дигар маводҳои чопӣ,инчунин бо истифода аз ҷаласаҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани иттилооти дақиқ ва саривақтӣ, бо мақсади кӯмак ба мардум дар ҳифзи саломатиашон, истифода хоҳанд бурд. AKF ва AKAH инчунин маҷмӯаҳои озуқаворӣ ва гигиениро ба аъзоёни осебпазири ҷомеа тақсим мекунанд. Ин талошҳоро AKF инчунин бо ҳифзи кормандони тиббии пешқадам, тавассути истеҳсоли воситҳои ҳимояи шахсии маҳаллӣ, дар якҷоягӣ бо шарикони давлатӣ ва хусусӣ пурра мекунад.
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, либерализатсияи Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад. Маълумоти муффасал дар сомонаи:https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia