ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13-уми сентябри соли 2018 – Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сеюмин конфронси байналмилалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа, Лоиҳаи “HOPE”, Институти ҷомеаи кушод, Созмони байналмилалии муҳоҷират, ташкилоти “Духтурони бидуни марз” ва KNCV (Ассотсиатсияи Шоҳигарии Нидерландӣ оид ба мубориза ва пешгирии бемории сил), ташкил гардид. Кӯмак ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи беморони сил, ки ба эҳтиёҷҳои онҳо равона шудааст – яке аз асосҳои Стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) – “Ба бемории сил хотима мебахшем”, ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он паст кардани сатҳи фавт аз бемории сил то 95% ва кам кардани ҳолатҳои бемории сил то 90% то соли 2035 мебошад.
Ҳамасола аз ин бемории сирояткунанда, аммо табобатшаванда, тақрибан 1.5 миллион нафар дар ҷаҳон мефавтанд. Бемории сил мушкилии ҷиддии соҳаи тандурустӣ боқӣ мемонад. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои татбиқи назорати ҳамаҷонибаи бемории сил, ки ба эҳтиёҷҳои беморон равона шудааст, худро вазифадор намуда, ба муваффақиятҳои бузург дар ин соҳа ноил гашта истодаанд. Ба ин сайъу кӯшишҳо нигоҳ накарда, паҳншавии шаклҳои ба доруҳо устувори бемории сил дар минтақа зиёд мегардад. Татбиқи пешгирӣ ва нигоҳубинии ҳамаҷонибаи беморони сил мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби шарикон ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба коҳиши паҳншавии бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Конфронси мазкур силшиносони баландихтисоси ИМА, Осиёи Марказӣ ва Аврупо, сиёсатмадорон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳуриро ба ҳам овард. Мутахассисон оид ба дастовардҳо, таҷрибаҳо ва сабақҳои омӯхташуда роҷеъ ба усулҳои табобати бемории сил, ки ба эҳтиёҷҳои беморон равона шудаанд, табодули таҷриба намуданд. Иштирокчиёни конфронс дар сессияҳои пленарӣ, дарсҳо ва вохӯриҳо барои гурӯҳҳои корӣ оид ба мавзӯъҳои назорати бемории сил, аз ҷумла ташхиси зудамали бемории сил, дорувориҳои нав ва реҷаҳои кӯтоҳмуддати табобат, сили кӯдакона, назорати сироятӣ ва ташхиси таҳлилии зиддисилӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин, барномаи USAID оид ба бемории сил барономаҳое, ки табобати бемории силро ба мардум ва ҷомеа дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дастрастар мекунанд, қайд намуд.
USAID Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалинамоии барномаҳои миллиашон дар соҳаи мубориза бар зидди бемории сил тавассути татбиқи усулҳои нисбатан самараноки пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи сил байни аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир дастгирӣ менамояд. Ҳадаф аз барномаи панҷсолаи USAID дар мубориза бар зидди бемории сил ин коҳиш додани сатҳи паҳншавии бемории сил ва пешгирӣ намудани шаклҳои ба доруҳои мухталиф устувори он дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Барномаи USAID доираи васеъи соҳаҳои техникӣ, аз ҷумла мустаҳкам кардани иқтидори инсонӣ ва институсионалӣ дар низоми тиббӣ, беҳтарсозии ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории байниидоравӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷаи силро фаро мегирад.