Фархор, Тоҷикистон, 24-уми июни соли 2022 – Фонди Оғохон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) тавассути барномаи муштараки “Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” расман шабакаи оби нӯшокӣ ва ҳоҷатхонаи замонавӣ дар мактаби деҳаи Сурхобро ба истифода доданд. Тариқи шабакаи оби нушокӣ зиёда аз 450 хоҷагӣ (бештар аз 3000 нафар) ба оби тоза ва бехатар дастрасӣ пайдо намуданд. Ҳоҷатхонаи мактаб бошад дастрасии зиёда аз 600 нафар хонандагон ва омӯзгорони мактабро ба беҳдошти зарурӣ беҳтар намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали раиси ноҳияи Фархор Ҳафизов Сайобид зимни суханронӣ дар маросими баҳрабардорӣ қарор додани ин иншоот аз барномаи “Шукуфоӣ” қадрдонӣ кард ва итминон дод, ки шабакаи об ва беҳдошт ба таври пойдор идора карда мешаванд. Ӯ қайд кард: “Ин иқдом мушкилоти аҳли деҳаи Сурхобро осон гардонд. Сокинони ноҳияи Фархор аз кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони кумаккунанда аз ҷумла USAID самимона сипосгузоранд. Мо ин туҳфаи арзандаи Шуморо дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо самими қалб қабул мекунем.”
Сокинони деҳаи Сурхоб қаблан чоҳҳои дорои чуқурии паст ва каналҳои обёриро ҳамчун манбаъи оби нӯшокӣ истифода мебурданд, ки ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ набуданд. Бо кӯшишҳои муштараки Фонди Оғохон, USAID, ҳукумати ноҳия ва ҷомеаи маҳаллӣ ин системаи нав, ки бо обченкунакҳо муҷаҳҳаз шудааст, мустақиман ҳар як хонаводаро бо оби бехатар таъмин хоҳад кард.
Бо ҳадафи таъмини устувори шабакаи оби нӯшокӣ USAID ва Фонди Оғохон чорабиниҳои муҳокимаи аҳамияти пардохти хаққи об ва ҳавасманд кардани таҷрибаи беҳтари санитарӣ ва беҳдоштӣ оғоз карданд. Барои таъмини нигоҳдории ин шабакаи оби нӯшокӣ хоҷагиҳо ва идораҳои хусусӣ ва давлатӣ барои пардохти ҳаққи андаки истифодаи об розӣ ҳастанд. Инчунин Фонди Оғохон бо Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзиливу коммуналӣ” ҳамкории зич ба роҳ андохт, то зарфияти кормандонро барои нигоҳдории шабакаи об баланд бардорад.
“Шукуфоии Тоҷикистон” барномаи панҷсолаест (барои солщои 2018-2021), ки тариқи маблағгузории муштарак аз тарафи Фонди Оғохон ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои баланд бардоштани сифати зиндагии сокинони 16 ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ воқеъ дар марз бо Афғонистон таҳия карда шудааст. Барномаи Шукуфоӣ то ба имрӯз 5 шабакаи оби нӯшокӣ ва 5 ҳоҷатхонаи муосирро дар ноҳияиҳои Қубодиён, Ҳамадонӣ, Панҷ, Фархор ва Роштқалъа сохтааст, ки 12 671 нафарро бо оби тоза таъмин карда, шароити беҳдоштии 3 469 нафарро беҳбуд бахшидааст.