Астана, Қазоқистон, 12 октябри соли 2022 – Имрӯз, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 12-ҳум Форуми солонаи Савдои Осиёи Марказиро дар мавзуи “Рақамикунонии Хадамоти гумрук. Роҳ ба сӯи савдои бидуни коғаз” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон оғоз кард. Ин чорабинии дурӯзаи байналмилалии муҳим ҷиҳати пешбурди иртибот ва савдо мебошад.
Форум маъмуриятҳои гумруки Осиёи Марказиро бо мақсади муҳокимаи талошҳои идомёбанда баҳри таҳияи ҳалҳо ва хизматрасониҳои рақамӣ, қабули технологияҳои пешрафта (аз қабили истифодаи иттилооти азим, телематика ва хизматрасониҳои абрӣ), афзоиш додани самаранокии амалиётӣ ва мусоидат ба кашфи дубораи тарзи фаъолияти маъмуриятиҳои гумрук ҷамъ овардааст. Зиёда аз 200 нафар намояндагон аз маъмуриятҳои гумруки Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Гурҷистон, Корея, Латвия ва Иёлоти Муттаҳида барои омӯхтани доираи васеи афзор ва технологияҳои рақамии пешрафта гирдиҳам омаданд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ, директори Дафтари USAID оид ба рушди иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ Лаура Чизмо қайд намуд, ки “Ин форуми савдо аз соли 2011 инҷониб ҳамасола баргузор мегардад. Он анъанаи ҳамкорӣ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Миёнаро, ки ҳанӯз дар асри 20-ум оғоз ёфтааст, идома медиҳад”.
Бахши USAID оид ба савдо дар Осиёи Марказӣ Форуми савдои Осиёи Марказиро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон, Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма Astana Times, Business Mir Magazine, Kazakhstan Press Club, Kapital.kz, Profit.kz, and TransLogistics ташкил кардааст.
Иштирокчиён рӯзномаи ислоҳоти рақамии гумрукро муҳокима карданд: инноватсияҳои навтарин ва нақши иҷроиши рақамӣ; суръат бахшидан ба рақамикунонӣ ҷиҳати беҳтар сохтани транзит ва мусоидат ба савдо; хатсайри нақлиётии байналмилалӣ тавассути баҳри Каспий; низомҳои транзитии байналмилалӣ; ҳамкории минтақавӣ дар доираи Кумитаҳои миллии мусоидат ба савдо, чораҳо зидди коррупсия метавонанд сиёсати гумрук, амалигардонии онро беҳтар сохта, ҷамъоварии боҷ ва андозҳоро афзоиш диҳанд ва ба мубодилаи маълумот пеш аз расидани бор мусоидат намоянд.
Осиёи Марказӣ таҳаввулоти куллиро аз сар гузаронидааст. Танҳо дар тӯли панҷ соли охир, ҳаҷми савдои дохилиминтақавӣ ду маротиба афзоиш ёфтааст. Савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷаҳони беруна низ ба таври назаррас меафзояд. Дар давоми панҷ сол он 54% зиёд шудааст ва ҳоло ба $167 миллиард расидааст. Савдо дар айни замон нерӯи пешбарандаи асосии рушди иқтисодӣ дар саросари минтақа мебошад.
Тӯли даҳ соли охир тавассути ин форуми барҷаста, USAID зиёда аз 10 000 иштирокчиёнро аз беш аз 42 кишвари ҷаҳон барои ҳамкорӣ ва шарикӣ дар самти такмил додани иртибот, амиқ кардани рақобатпазирӣ ва тавсеаи тиҷорат барои эҳёи босуръат ва устувори иқтисодӣ ва тобоврӣ дар Осиёи Марказӣ ҷамъ овард.
###
USAID нахустин агентии рушди байналмилалӣ дар ҷаҳон ва омили таҳрикдиҳандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар аз сомонаи USAID/Central Asia, саҳифаи USAID/Central Asia дар Facebook page ва саҳифаии Форуми садои Осиёи Марказӣ дар интернет муроҷиат намоед.