USAID лоиҳаи навро баҳри мубориза бар зидди бемории сил ба маблағи $20 миллион дар Тоҷикистон оғоз намуд

18 апрели 2023, шаҳри Душанбе – Имрӯз Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи панҷсоларо оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон ба маблағи 20 миллион доллари ИМА оғоз намуд, ки он аз ҷониби ташкилоти Family Health International (FHI 360) амалӣ карда мешавад. Маросими ифтитоҳи он таҳти раёсати Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусамадзода оғоз гардида, ӯ дар якҷоягӣ бо Питер Райли, директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон ва доктор Эми Вайсман, муовини директори минтақавии FHI 360 барои Дафтари минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором, суханронӣ намуданд.

Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли аҳамияти кумаки USAID ба Тоҷикистонро дар мубориза бо бемории сил таъкид намуда, чунин қайд кард: «Мо бори дигар дастгирии худро барои муайян кардани ҳар як нафари гирифтори бемории сил, табобати шахсони ниёзманд ва пешгирии паҳншавии ин бемориро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунем». Доктор Севим Аҳмедов, мушовири калони USAID дар Вашингтон оид ба мубориза бо бемории сил ва ВНМО изҳор дошт: “Бо фаъолияти нав, USAID кӯмаки худро барои истифодаи реҷаҳои нави табобатӣ баҳри муолиҷаи бемории сили ба дору устувор равнақ бахшида, ба пешрафти техникию таҳкими соҳаи ташхисгузории бемории сил дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.»

Тибқи гузориши Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Тоҷикистон ба қатори 30 кишваре, ки дар онҳо шумораи гирифторони шакли устувори бемории сил баланд аст, дохил машавад. Тӯли 30 соли охир USAID кӯшишҳои ҳукумати ИМА-ро барои мубориза бо бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Дастгирии фаъолияти лоиҳаи мазкур аз ҷониби USAID дар сатҳи миллӣ амалӣ мешавад. Лоиҳа бо равиши ба ҷомеа мутамарказонида фаъолият хоҳад кард, то ташхиси ҳамаи намудҳои бемории сил сайқал ёфта, беморон саривақт ба табобат ҷалб гардида шаванд ва кафолати шифо ёфтани шумораи бештари онҳо ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи сироят таъмин карда шавад.

##

 USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.