USAID дастовардҳои назаррасро дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунад

Душанбе, Тоҷикистон – 13 феврали соли 2024 – Иёлоти Муттаҳида тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил, мутахассисони соҳаи тиб, донорҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеа ҷамъбасти муваффақи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) дар Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ эълон менамояд. Дар давоми чор сол лоиҳаи мазкур дар самти мубориза бо бемории сил, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва тақвият бахшидан ба донишу малакаи кормандони соҳаи тиб ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Лоиҳа дар мубориза бо бемории сил дар кишвар саҳми худро гузошта беш аз 83 000 нафар, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир ва хатари баланд аз муоинаи ташхис гузаронида шуда, ҳолатҳои нав ошкор карда шуданд ва беморони гирифтори бемории сил барои табобат равон карда шуданд.  Дар талошҳои худ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, Лоиҳа ба тасдиқи роҳнамоҳо ва протоколҳои танзимкунандаи лабораторӣ, сохторҳои зиддисилӣ ва ёрии аввалияи тиббию санитарӣ мусоидат намуд. Бо дастгирии USAID, лабораторияи миллии референсӣ соҳиби шаҳодатномаи дараҷаи аъло дар гузаронидани санҷиши бемории сил бо усулҳои муосир гардид; реҷаҳои нави кӯтоҳмуддат барои беҳтар кардани табобати сил ҷорӣ карда шуданд ва зарфияти  кормандони тиббӣ барои расонидани хидматҳои босифат баланд бардошта шуд. Дар маҷмӯъ, 1645 нафар мутахассисони соҳаи тиб ва 1392 нафар мутахассисони соҳаи ғайритиб донишу малакаи худро оид ба ҷанбаҳои гуногуни мубориза бар зидди бемории сил такмил доданд.

Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон ҷаноби Питер Райли аз ин чорабинӣ изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки «Анҷоми муваффақи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) дар Тоҷикистон марҳалаи муҳим дар мубориза бо бемории сил мебошад. USAID ба якояки шарикон, ҷонибҳои манфиатдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дастгирии доимӣ дар пиёда намудани фаъолиятҳои лоиҳа, изҳори миннатдорӣ менамояд. Муваффақиятҳои бадастомада бе ҳамкорӣ ва фидокории онҳо имконнопазир мебуд. Ин чорабинӣ дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо бемории сил таҷлил менамояд.”

***

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.