USAID ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон лоиҳаи «Таҳсилоти фарогири томактабӣ» -ро бо маблағи 7.5 миллион доллар роҳандозӣ намуданд

Ҷалолиддини Балхӣ, вилояти Хатлон, 7 декабри соли 2023 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар шарикӣ бо ЮНИСЕФ татбиқи лоиҳаи нави панҷсоларо, ки ба рушди таҳсилоти фарогир нигаронида шудааст ва маблағи он 7.5 миллион доллари ИМА мебошад, оғоз намуд. Лоиҳаи нав ба ҳукумати Тоҷикистон дар беҳтар кардани омодагӣ ба мактаб тавассути таъмини таҳсилоти томактабии муосир, фарогир, ба хонанда нигаронидашуда ва бо дарназардошти хусусияти аҳолии Тоҷикистон, кӯмак мерасонад. Дар доираи лоиҳаи мазкур  зиёда аз 200 маркази таҳсилоти томактабӣ дар саросари кишвар, инчунин тамоми кӯдакон, аз ҷумла духтарон ва кӯдакони дорои маъюбият фаро гирифта мешаванд.

Ҳукумати ИМА зиёда аз 20 сол мешавад, ки тавассути USAID ба Вазорати маориф ва илм дар самти замонавӣ сохтани низоми маориф кӯмак мерасонад. Лоиҳаи «Таҳсилоти фарогири томактабӣ» ба ҷорӣ намудани равишҳои нав ҷиҳати такмили саводнокӣ ва малакаҳои бунёдии ҳисобкунии кӯдакони синфҳои ибтидоӣ мусоидат хоҳад кард. Ин тавассути такмили лоиҳаи фарогири педагогӣ, ки ба кӯдакон нигаронида шудааст ва истифодаи технологияҳо аз зинаи томактабӣ татбиқ хоҳад гардид.

Зимни суханронӣ дар маросими оғози лоиҳа сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер гуфт: «Бо роҳандозӣ кардани ин лоиҳа, биёед принсипи бидуни марз будани маорифро сармашқи кори худ намоем. Ҳаққи таҳсил универсалӣ буда, имкониятҳоро васеътар ва ҳаётро равшан ва ғанӣ месозад. Барои муваффақ шудан дар таҳсилоти томактабӣ, инчунин дар дигар зинаҳои таҳсилот, танҳо лоиҳаи таълимӣ кифоя нест. Аз ин рӯ, кӯшиши мо барои пурра боз кардани зарфияти ҳар як кӯдак, новобаста аз нажод, қобилият ё шароит, зарур аст.»

Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен гуфт: «Таҳсилоти томактабӣ асоси таълим ва рушди ҳар як кӯдак дар давоми зиндагии ӯ мебошад. Дастрасӣ ба таҳсилоти томактабии босифат на танҳо имконияти дар мактаб муваффақ шудани ҳар як кӯдакро баланд мебардорад, инчунин барои  дар оянда ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтари омӯзиш кӯмак мерасонад.»

———-

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

ЮНИСЕФ дар тамоми фаъолияти худ ҳуқуқ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдакро пуштибонӣ мекунад. Дар якҷоягӣ бо шарикон, мо дар 190 кишвар ва минтақаи ҷаҳон барои дар амал татбиқ кардани ин уҳдадорӣ фаъолият менамоем. Дар ин раванд мо диққати махсусро ба кор бо кӯдакони аз ҳама осебпазир ва камбизоат равона карда, ба манфиати ҳамаи кӯдакон новобаста аз маконашон кор мекунем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолияти мо дар Тоҷикистон аз вебсайти зерин дидан намоед: https://www.unicef.org/tajikistan/