Душанбе, Тоҷикистон, 18-уми феврали соли 2023 – Муовини мудири Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Изобел Коулман дар якҷоягӣ бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Осома Маккавӣ Хоғалӣ эълон кард, ки 13 миллион доллари ИМА барои дастгирии хонаводаҳои осебпазир, дар посух ба афзоиши ноамнии ғизоӣ дар кишвар, ҷудо карданд.
Маблағгузорӣ ба БОҶ имкон медиҳад, ки ҷомеаҳои осебпазирро барои беҳтар қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ғизоӣ ва таҳкими тавонмандии ҳукумат барои мубориза бо таъсири зарбаҳои алоқаманд дастгирӣ намояд. Интизор меравад, ки тақрибан 200,000 нафар тавассути интиқоли пули нақд ва дастгирӣ барои таъмини рӯзгор хоҳанд гирифт.
«Дар ҳоле ки аҳолӣ аз бӯҳронҳои давомдор, аз ҷумла ҷанги Россия бар зидди Украина азият мекашад, барои БОҶ идома додани кори худ, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва эҷоди устуворӣ дар Тоҷикистон, муҳим аст. Мо ба ҳукумати ИМА барои ин саҳми саривақтӣ ва ӯҳдадорӣ, барои хотима бахшидан ба гуруснагӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он, изҳори сипос мекунем», – гуфт Намоянда ва Директори БОҶ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам.
ЮНИСЕФ барои пешгирӣ ва табобати норасоии ғизоӣ миёни кӯдакон, аз ҷумла кумаки техникӣ барои тавсеаи дастрасии 270 000 кӯдаки то панҷсола ва 240 000 зани ҳомила ва ширмакон ба нигоҳубини ғизоӣ, пешниҳод хоҳад кард. Тақрибан 300 муассисаи тиббӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, ки таҳти Идораи ҳамгирошудаи норасоии шадиди ғизо фаро гирифта шудаанд, кӯмак ва омӯзиш мегиранд, то ба онҳо имкон диҳанд, ки хизматрасонии асосии ғизоиро самараноктар расонанд.
«Танҳо тавассути шарикӣ мо метавонем ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба ғизо ва рафъи ҳама гуна шаклҳои камғизоӣ дар кишвар дастгирӣ намоем. Мо аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барои пайвастан ба саъю кӯшиши мо ва ба ӯҳда гирифтани пешсафӣ дар соҳаи ба таври анъанавӣ маблағгузоришавандаи марбут ба чунин як унсури муҳиме, ба мисли ҳуқуқи кӯдакон ба ғизои комил, изҳори сипос мекунем,” қайд намуд намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Усама Маккавӣ Хогалӣ.
Арзёбии охирини амнияти озуқавории СММ БОҶ нишон медиҳад, ки таъсири якҷояи талафоти интиқоли маблағҳо, бар асари низоъ дар Украина, ва болоравии нархи маводи ғизоӣ метавонад ноамнии шадиди озуқаворӣ дар Тоҷикистонро аз 1 то 8 фоиз зиёд кунад кунад ва тақрибан 800 000 нафарро дар мушкилоти шадиди ғизоӣ қарор диҳад. БОҶ амнияти озуқавории хонаводаҳо ва вазъи бозорро бодиққат назорат мекунад ва маблағҳоро барои дастгирии оилаҳои аз озуқаворӣ таъминношуда дар кишвар сафарбар мекунад.
«USAID дастгирии маҳсулнокии кишоварзиро дар Тоҷикистон идома медиҳад ва ба мушкилоти афзояндаи амнияти озуқаворӣ, ки дар ин ҷо ва дар саросари ҷаҳон, дар натиҷаи ҷанги Россия алайҳи Украина, шадидтар шудааст, ҳал хоҳад кард. Мо ифтихор дорем, ки ба оилаҳои тоҷик захираҳо барои парвариши маҳсулоти серғизо ва инчунин пешниҳоди пули нақд, дар ивази кор дар лоиҳаҳои сатҳи ҷомеа, пешниҳод мекунем, то мардум тавонанд даромади қобили зиндагиро ба даст оранд ва ҷомеаи худро устувортар созанд”, изҳор дошт Муовини мудири USAID Изобел Коулман.
# # #
USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ мутолиа намоед.
Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад. Моро дар Twitter @WFPAsiaPacific, @wfp_tajikistan пайгирӣ кунед.
ЮНИСЕФ дар ҳама коре, ки мо ба иҷро мерасонем, ҳуқуқ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдакро таблиғ мекунад. Дар якҷоягӣ бо шарикони худ, мо дар 190 кишвар ва қаламрав кор карда истодаем, то ин ӯҳдадориҳоро амалӣ созем, бо таваҷҷӯҳ ба фарогирии кӯдакони осебпазир ва хориҷшуда ба манфиати ҳамаи кӯдакон дар ҳама ҷо. ЮНИСЕФ аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. ЮНИСЕФ-ро дар Facebook, Instagram и Twitter пайгирӣ кунед.