Варақаи маълумотӣ дар бораи мусоидат ба амнияти ИМА ва Тоҷикистон

Чун имсол Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ қарор доранд,  Иёлоти Муттаҳида бори дигар миннатдори  худро ба Тоҷикистон барои  шарикии устувор дар таъмини амнияти минтақавӣ ,  бахусус амнияти сарҳадӣ иброз мекунанд. Аз соли 1992 инҷониб ИМА маблағи беш аз 330 миллион доллари амрикоиро ба Тоҷикистон дар соҳаи амният таъмин намудаанд. Кумаки мазкур омӯзиш, таъмини таҷҳизот ва инфрасохторро, ки ба Тоҷикистон дар ҳифзи марзҳояш, ошкор кардани таҳдидҳо ва баланд бардоштани қобилияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти низомӣ ва гумрук дар посух ба ин таҳдидҳо мусоидат намудаанд, дар бар гирифт.

Дар доираи ин кумакҳо, мо 13 адад посгоҳҳои марзӣ, нӯҳ адад гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ду отряди сарҳадбонон ва се маркази таълимии марзбононро аз нав сохтем ва ё таъмир намудем. Сафорат беш аз 4800 адад радио, 400 адад мошин, 1600 дастгоҳҳои биниши шабона ва 160 километр сенсорҳои заминиро ба марзбонони тоҷик дар ҳифзи сарҳадӣ ҳамчун кӯмак фароҳам овардааст. Танҳо соли гузашта, кумаки ИМА ба Тоҷикистон дар соҳаи амният маблағи 11,4 миллион долларро ташкил намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаро ҳамчун  яке аз донорҳои асосии Тоҷикистон муарриффӣ кард. Ҳамчун далели шарикии қавии мо, мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар кумак ба бахши амният ҷудо кардем, ки дар тӯли ду соли оянда амалӣ ва расонида шавад.

Мақсади аввалиндараҷаи ИМА дар Тоҷикистон – дастгирӣ кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷодаи таъмини амният дар марзи Тоҷикистон аз террористон ва қочоқбарони маводи мухаддир. Барои мусоидат ба ҳамкориҳои минтақавӣ, Тоҷикистон мизбони машқҳо таҳти унвони “ҳамкориҳои минтақавӣ” бо иштироки кишварҳои шарик дар Осиёи Марказӣ, гардид. Ин машқҳо аз ҷониби мақомоти  ИМА маблағгузорӣ гардида, ба вокунишҳои муштарак ба таҳдидҳои бехатарӣ ва зиддитерроризм дар солҳои 2015, 2017, 2019 ва 2022 равона шудаанд.

Иёлоти Муттаҳида дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар як сол ба ҳисоби миёна беш аз 40 омӯзишҳо ва чорабиниҳои ҳарбиро гузаронидааст, ки мувофиқи онҳо беш аз 10 000 сарбозон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо аз худ кардани тактикаи муассир дар вокуниш ба таҳдидҳои террористӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва амалиёти махсус омӯзонидаст. Инчунин, ИМА зиёда аз 2000 сарбоз ва кормандони амниятро аз Тоҷикистон ба ИМА, Олмон ва дигар кишварҳо фиристодааст.

Нуқтаҳои муҳими кумаки ИМА дар соҳаи амният ба Тоҷикистон аз соли 2001:

  • 358 адад нақлиёт ба низомиёни тоҷик ба маблағи $10.5 миллион таъмин гардида, 38 дона нақлияти маркаи “Jeep” ва 28 адад нақлиёт барои интиқоли қушунҳои ҳарбӣ ин моҳ дастрас хоҳанд шуд.
  • 4, 862 адад таҷҳизоти алоқа (радиоҳои бо алоқаи фосили дур ва наздик) дастрас шуда, ва 500 адади дигар таъмин хоҳанд шуд.
  • 1,673 таҷҳизоти биниши шабона таъмин гардад.
  • 27 иншооти сарҳадӣ сохта ва ё таъмир карда шуданд, аз ҷумла 13 постгоҳҳои сарҳадӣ, 9 гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ду отряди сарҳадбонон, ва се маркази омӯзишӣ ба маблағи зиёда аз 25 миллион доллар.
  • Сохтмони отряди нави сарҳадбонон дар Айваҷ ва постгоҳи нави сарҳадӣ дар Чалдовар ба маблағи тақриба 7 миллион доллар дар ҷараён аст.
  • 21 адад таҷҳизоти вазнин барои истифода ҳангоми сохтумон ва ё тоза кардани роҳҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ (экскаваторҳо, грейдерҳо, скреперҳо, самосвалҳо, бульдозерҳо, экскаваторҳо) бо арзиши 6,2 миллион доллари ИМА.
  • Барномаи воситаҳои нақлиёти ҳавоии бесарнишинӣ ба муддати ду сор ба нақша гирифташудааст.
  •  Маркази омӯзишии миллии Қаратоғ сохта шуда, тирандозӣ ва курсҳои ронандагӣ ба маблағи 7 миллион доллар фароҳам оварда шудаанд.
  • Купруки “Дустӣ” ва нуқтаи гумрук дар Панҷи поён сохта шуда, бо сканерҳои воситаҳои нақлиёт ба маблағи 40 миллион доллари ИМА таҷҳизонида шудаанд.
  • Академия омӯзишии гумрук ба маблағи 3,4 миллион доллари ИМА сохта шудааст.
  • Маркази минтақавии омӯзишии Агентии бехатарии радиатсионии ҳастаӣ дар Душанбе ва Лабораторияи миллии калибрченкунии Тоҷикистон бо арзиши 2 миллион доллари ИМА сохта шудаанд.
  • 13  адад мониторҳои портали радиатсионӣ (RPMs) дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе насб гардида, дар се вокзал ва 15 гузаргоҳи сарҳадӣ низ дар саросари кишвар васл шуданд.
  • Маркази омӯзишии баталони сулҳҷуёни Вазорати мудофиар дар пойгоҳи Шамсӣ таъмир гардида, майдони омӯзишии Магоб барои қувваҳои мобилии Вазорати мудофиа бо арзиши 1.5 миллион доллар сохта шуд.
  • 55 Марказҳои полиси ҷамъиятӣ дар саросари кишвар ба маблағи 2,4 миллион доллари ИМА сохта ва ё таъмир гардидаанд.
  • Маблағи беш аз 1.5 миллион доллари ИМА барои дастгирии маркази омӯзишии байналмилаллии зидди минаҳо сарфа гардидааст.
  • Ҳар сол  450,000 доллари ИМА барои омӯзиши забони англисӣ ва курсҳои таълимии касбӣ барои афсарони сатҳи миёна ва олӣ, минҷумла курсҳое, ки тавассути Барномаи байналмилалии таълими низомӣ ва омӯзишӣ дар ИМА баргузор мегаданд, равона мешавад.
  • Тренингҳои давомдор оид ба идоракунии сарҳад ва назорти гумрукӣ; бехатарии биологӣ; тибби тактикӣ, амалиёти неруҳои махсус; ва муайян кардани радиатсия. Барномаҳои омӯзишии пешбинишуда тренингро оид ба кор бо маводи худсохти тарканда барои афсарони сарҳадӣ, ки ба марзи Афғонистон таъин шудаанд, дар бар мегиранд.

Таҳдидҳои фаромиллӣ ба монанди терроризм, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ амалҳои муштарак ва ҳамкориро дар мубориза бо онҳо тақозо мекунанд. Иёлоти Муттаҳида дар мубориза алайҳи таҳдидҳо ба амният ва соҳибихтиёрӣ дар минтақа шарики устувори Тоҷикистон боқӣ мемонанд, ва ният доранд, ки дар соли оянда кумаки худро дар бахши амният афзояд.