Ёздаҳ нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии «Мубориза алайҳи терроризми дохилӣ ва трансмиллӣ»-ро, ки аз ҷониби Барномаи ёрии зиддитеррористӣ (Барномаи АТА) маблағгузорӣ мегардад, хатм намуданд. Курси таълимии номбурда барои сайқал додани донишу малака, ки ба иштирокчиён дар таҳия намудани усулҳои тафтишотии пешгирикунанда дар мубориза алайҳи терроризм имконият фароҳам меоваранд, равона шудааст.
Курси таълимии номбаршуда сеюмин аз силсилаи иборат аз 4 курси омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2015 ба нақша гирифта шудаанд. Омӯзиши мазкур аз ҷониби Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА гузаронида шуд. Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар фаъолияти хеш усули “омӯзиши омӯзгорон”-ро истифода мебарад, ки он дар навбати худ боиси афзоиши шумораи афсароне, ки дар раванди омӯзишҳо метавонанд малакаи лозимаро сайқал диҳанд, мегардад. Бояд тазаккур дод, ки омӯзишҳои номбаршуда аз чониби Сафорати ИМА маблағгузорӣ мегарданд.
Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Дафтари мазкур механизми калидии Ҳукумати ИМА дар баргузории барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки фаъолона алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.
Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳо барои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.