Шуруъ аз 13 то 18 марти соли 2022, сафорати ИМА дар Душанбе нахустин фестивали филмҳои ИМА ва Тоҷикистонро, дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», бахшида ба 30-юмин солгарди барқарор намудани равобити Амрикову Тоҷикистон, баргузор мекунад. Филмхое, ки барои фестивал интихоб карда шудаанд, анъанахои синамои ҳар ду кишварро васф менамоянд.
Дар фестивал як силсила филмҳое намоиш дода мешавад, ки қисматҳои беҳтарини фарҳанги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Ин филмҳое мебошанд, ки барои расонидани садоҳои мустақил ба тамошобин, ситоиши пешбурди гуногунии фарҳанг, эътирофи қудрати ҳамашумул, бо шарафона паси сар кадани сахтию мусибатҳо ва қадр намудани саҳми санъату ҳунар дар тағйироти иҷтимоӣ, офарида шудаанд. Ба муносибати таҷлили барқароии равобити дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 ба вуқӯъ омад, дар фестивали мазкур, ду филми маъруфи амрикоии он сол намоиш дода мешавад: “Лигаи шахсии онҳо”(“A League of Their Own”) ва “Хоҳар, амал кун” (“Sister Act”).
Намоиши филмҳо тули як ҳафта давом дошта, дар кинотеатри «Тоҷикфилм», воқеъ дар кӯчаи Беҳзода, 25 ва дар Маркази амрикоии ш. Душанбе, воқеъ дар ошёнаи 3-юми Маркази тиҷоратии «Пойтахт», кӯчаи Мирзо Турсунзода, 49, баргузор мешаванд. Тамоми намоишҳо аз ҷониби Сафорати ИМА сарпарастӣ шуда, даромад ройгон аст. Бақайдгирии пешакӣ тавассути ин пайванд дастрас аст. Шитобед, ҷойҳо маҳдуданд.
Руйхати филмҳои ҷашнвора аз 13 то 18 марти соли 2022:
Барнома
Сана | Вақт | Филм | Забон | Маҳал |
март 14 | 15:30 | Selma (ИМА) | Англисӣ | Тоҷикфилм |
март 14 | 18:00 | Лунный папа (Тоҷикистон) | Русӣ бо субтитрҳои англисӣ | Тоҷикфилм |
март 15 | 15:30 | Қатли рубоҳ (Тоҷикистон) | Русӣ бо субтитрҳои англисӣ | Маркази амрикоӣ |
март 15 | 18:00 | A League of Their Own (ИМА) | англисӣ | Тоҷикфилм |
март 16 | 15:30 | Кoкo (ИМА) | англисӣ | Маркази амрикоӣ |
март 16 | 18:00 | Автобус (Тоҷикистон) | Тоҷикӣ бо субтитрҳои англисӣ | Тоҷикфилм |
март 17 | 15:30 | Hidden Figures (ИМА) | Англисӣ | Тоҷикфилм |
март 17 | 18:00 | Фарангис (Тоҷикистон)
Мардони рақсанда (Тоҷикистон) ** Пас аз намоиш мусоҳиба бо коргардон Лолисанам Улуғова ва меҳмони вижа Фарангиc Қосимова сурат мегирад |
Тоҷикӣ бо субтитрҳои англисӣ | Маркази амрикоӣ |
март 18 | 13:30 | Сафари ҳавоӣ (Тоҷикистон) | Тоҷикӣ бо субтитрҳои англисӣ | Тоҷикфилм |
март 18 | 15:30 | Inside Out (ИМА) | Англисӣ | Маркази амрикоӣ |
март 18 | 18:00 | Sister Act (ИМА) | Англисӣ | Маркази амрикоӣ |
Барои сабти ном ва гирифтани чиптаи ройгон аз пайванлди зерин истифода намоед: Шитобед, ҷойҳо маҳдуданд. Намоиши филмҳо аз ҷониби Сафорати ИМА дар Душанбе дастгирӣ шудааст.