Сафорати ИМА дар Душанбе иштирокчиёни машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ” хайру мақдам мегӯяд

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе омадани иштирокчиёнро ба машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ”, ки чорабинии машқҳои ситодии калонтарини солонаю бисёрҷонибаи Фармондеҳии марказии ИМА мебошад ва дар ҳамкорӣ бо шарикони минтақавӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гузаронда мешавад, хайру мақдам мегӯяд. Дар чорабинии соли ҷорӣ 187 иштирокчӣ ва ҳайати дастгирию хизматрасон аз Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Муғулистон ширкат хоҳанд кард ва бо шариконашон аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими равобит ҳангоми мусоидати ҳамкории минтақавӣ байни давлатҳои иштироккунанда ҳамкорӣ менамоянд. Машқҳо дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-24 сентябр мегузаранд.

Машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ” ба давлатҳои иштироккунанда тавассути семинарҳои таълимӣ ва машқҳои муштараки ситодӣ ҷиҳати баланд бартоштани қобилияти сулҳҷуёна ва омода шудан ба иштирок дар талошҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меоварад. Машқҳо ба ҷараёни мувофиқати амалиётҳои муваффақ бо иштироки давлатҳои зиёд ва ба усулҳои таҳкиқотӣ барои беҳтаркунии ҳамкории ҳарбӣ-шаҳрвандӣ тамаркуз хоҳад кард. Дар боздидҳои мазкур масъалаҳои минтақавии ҷорӣ марбут ба амалиёти ҷаҳонии сулҳҷуёна, ҳамкории амниятӣ ва мубодилаи ахборот ҳангоми гузарондани амалиёти сулҳҷуёнае, ки талошҳои минтақавиро талаб мекунад, бардошта шуданд. Иёлоти Муттаҳида ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳар сол шурӯъ аз соли 2001 дар машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ” иштирок мекунанд. Соли 2014 машқҳо таҳти роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯзҳои 14-24 сентябри дар иёлоти Массачусетс гузаштанд.

Иловатан ба мизбони машқҳои соли ҷорӣ будани Тоҷикистон, он шарики муҳиме мебошад ва ба суботи васеи минтақавӣ мусоидат мекунад. ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ҳамаҷониба дошта, дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳ ва рушди иқтисод ва субот дар минтақа ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ бо Покистону Муғулистонро дар талошҳо ҷиҳати таъмини минтақаи осоиштаю устувор ва пешрафта хеле қадрдонӣ мекунад.