Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сараёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллӣ беш аз 975 таҷхизоти тактикӣ тақдим кард. Кӯмаки мазкур беш аз як миллион доллари амрико арзёбӣ ёфта, аз ҷониби Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (СЕНТКОМ) маблағгузорӣ гардидааст.
Таҷҳизоти тактикии мазкур аз тарафдории мунтазами ИМА дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Таҷҳизоти мазкур ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори идораҳоро дар мубориза зидди маводи мухаддир дар муайян намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани қочоқи маводи мухаддир дар қаламраву марзҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Тавассути афзоиши миқдори давраҳои омӯзишӣ ва муҷҷаҳазгардонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сӯи хотимаи ҳаводиси марбут ба маводи мухаддир қадами назаррас мешавад.
Роҳбари Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (СЕНТКОМ) майор Энтони Гарбаускас дар Сафорати ИМА қайд намуд, ки тақдими таҷхизоти амнияти мазкур аз манфиатдории ИМА оид ба ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа шаҳодат медиҳад. Майор Гарбаускас агентиҳои Тоҷикистонро барои кӯшишу талошҳои мунтазамашон дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ИМА изҳори сипос намуд.
Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон дар рушду омода намудани як нерӯи мустақилу самарабахш барои мубориза зидди гардиши маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Аз соли 2007 инҷониб дар доираи Барномаи мазкур кӯмак ба маблағи тақрибан 145 миллион доллари амрикоӣ расонида шудааст.