Барномаи нав барои рушди навовариҳо ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон оғоз меёбад. Tech Central Asia як барномаи суръатбахшӣ барои стартапҳои технологӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба соҳибкорони нав, донишҷӯён, навоварон ва ихтироъкорон дар оғоз ё рушди стартапҳои худ барои бунёди тиҷорати устувор ва мусоидат ба рушди минбаъдаи онҳо дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон кӯмак мерасонад.
Дар доираи барномаи мазкур стартапҳо имконияти ташхиси техникӣ, гирифтани маслиҳатҳои мутахассисон, иштирок дар лексияҳо ва дарсҳои амалиро доир ба мавзӯъҳо ва малакаҳои классикии соҳибкорӣ пайдо мекунанд. Беҳтарин пешниҳодҳои технологии дар доираи озмун таҳияшуда ба Нур Султон (Остона, Қазоқистон) ба чорабинии хотимавии барномаи Demo Day, ки дар Донишгоҳи Назарбоев баргузор мегардад, даъват карда мешаванд. Ин ба онҳо имконияти ҷамъоварии маблағ барои амалисозии барномаҳои пешниҳодгардида медиҳад ва, инчунин, муаллифони барномаҳо метавонанд дархостро барои иштирок дар барномаи суръарбахшии лоиҳаҳо ба донишгоҳи Назарбаев – ABC Quick Start ирсол намоянд.
Барномаи Tech Central Asia аз ҷониби NURIS дар ҳамкорӣ бо Сафорати ИМА ва Бизнес-инкубатори давлатии Тоҷикистон амалӣ карда шуда истодааст.
Интихоби лоиҳаҳо санаи 28-уми сентябр соати 10:00 дар суроғаи кучаи Дехлавӣ 12/3 баргузор мегардад.
Дархостҳо барои иштирок тавассути сомонаи зерин қабул карда мешаванд: http://techcentral.asia
Саҳифаи интернетӣ барои маълумот:
NURIS – Кластери инноватсионии Донишгоҳи Назарбаев (http://nuris.nu.edu.kz/)
Тамос:
Арнагул Буркут
Т: +7 (776) 806-94-94
Email: techcentralasia@gmail.com