Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамдардии самимии хешро ба мардуми Тоҷикистон, ки дар натиҷаи заминларза бо қувваи 7,2 балл дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳафтуми декабри соли ҷорӣ осеб дидаанд, баён намуд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки башардӯстонаро ба маблағи 100 000 доллари амрикоӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ расонид.
11-уми декабр, Кордори Сафорат Лесли Ҳейден ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон оид ба кӯмак ҷиҳати бартараф сохтани хисоротҳои зиёд дар ВМКБ вокуниш нишон дод. Хонум Лесли аз Дафтар оид ба кӯмаки кишварҳои хориҷӣ ҳангоми офатҳои табиии (OFDA) Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) барои кӯмаки фаврӣ дархост намуд, ки дар натиҷа маблағи 100,000 доллари амрикоӣ ҷудо гардид. USAID масъалаи истифодаи маблағро бо Созмон оид ба кӯмаки башардӯстонаи FOCUS ҷиҳати харидорӣ намудани хаймаҳои гарм барои муваққатӣ ҷойгир намудани осебдидагон, кампал, сару либос ва таҷҳизоти сохтумон барои таъмири хонаҳои харобшуда, мувофиқа хоҳад кард. Кӯмаки мазкур барои қонеъ гардонидани талаботи авзалиятнок, ки аз ҷониби Ҳукумат Тоҷикистон дархост гардида буданд, равона шудааст. Он тавассути гурӯҳи муштарак оид ба баҳогузории таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозӣ (REACT), ки аз намояндагони давлатӣ, ташкилотҳои донорӣ ва ғайридавлатӣ иборат аст, мувофиқа хоҳад шуд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли ҷорӣ, 1327 хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд ва ё хароб гаштанд ва 7962 нафар беманзил монданд. Нишондоди мазкур афзоиш ёфтаистодааст, чун муайянкунии ҳаҷми хисорот то ҳол давом дорад. Инфрасохтори калидӣ ба монанди роҳҳо, иншоотҳои табобатӣ, стансияҳои электрикӣ ва биноҳои таълимӣ низ хароб гаштанд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида вазъиятро бо таваҷҷӯҳи хос мушоҳида менамояд. Кӯмаки фаврии мазкур аз иродаи қавии Ҳукумати ИМА ҷиҳати дастгирӣ намудани мардуми Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои мушкил шаҳодат медиҳад.