Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳамдардии амиқи худро ба мардуми Тоҷикистон, ки дар натиҷаи фаромадани сел аз рӯзи 19-уми июл дар водии Рашт ва ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) осеб дидаанд, баён менамояд. Барои дастгирии осебдидагони сел Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида кӯмаки башардӯстонаро аз ҷумлаи хаймаҳо, қуттиҳои дорои лавозимоти тиббиву санитарӣ ва дигар маводи таъҷилӣ ба маблағи зиёда аз 60 000 доллари амрикоӣ ба оилаҳои деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва водии Рашт расонид.
19-уми июли соли 2015 Сафир Сюзан Эллиотт ба муроҷиати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба мусоидат ба бартарафсозии хисороти зиёд дар Бадахшон ва баъдан дар водии Рашт вокуниш нишон дод. Бо истифода аз Фонди имдоди сафири ИМА, Сафир Эллиотт маблағи 50 000 доллари амрикоиро ба бахши имдод ба осебдидагони офатҳои табии Хазинаи Оғохон оид ба рушд, созмон оид ба кӯмаки башардӯстонаи FOCUS ҷиҳати дастрас намудани хаймаҳо, рахти хоб, кампал, болишт, тагсарӣ, сачоқ ва дигар лавозимоти рӯзгор ҷудо намуд. Инчунин, бахши назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорат (INL) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар доираи Барномаи ҳамкории милисия бо ҷомеъаи бахши мазкур аҳолии водии Раштро бо маводи зарурии аввалиндараҷа ба маблағи 10 000 доллари амирикоӣ таъмин намуд. Кӯмаки мазкур барои қонеъ гардонидани талаботи авзалиятнок, ки аз ҷониби Ҳукумат Тоҷикистон дархост гардида буданд, равона шудааст. Он тавассути гурӯҳи муштарак оид ба баҳогузории таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозӣ (REACT), ки аз намояндагони давлатӣ, ташкилотҳои донорӣ ва ғайридавлатӣ иборат аст, мувофиқа хоҳад шуд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида вазъиятро бо тавҷҷӯҳи хос мушоҳида намуда, маблағи иловагиро барои таъмири мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва таъмиру барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ҷудо намудааст. Кӯшишу талошҳои муштараки оҷонсиҳои мухталиф ва ташкилотҳои шарик аз иродаи қавии Ҳукумати ИМА ҷиҳати дастгирӣ намудани мардуми Тоҷикистон дар ин давраи мушкил шаҳодат медиҳад.