Вохӯрии намояндагони ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Шабакаи рушди Оғохонҷиҳати таҷлили пайвастшавии ду деҳаи Афғонистон ба шабакаи барқии ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Помир Энерҷи»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тақрибан 100 нафар намояндагон аз ҷамоати маҳаллӣ низ иштирок намуданд.
Кордори Сафорати ИМА Лесли Ҳэйден, ва директори генералии ҶСК «Помир Энерҷи» Далер Ҷумаев тугмачаи рамзии дар симчӯб насбшударо пахш намуда, бо ҳамин ба интиқоли барқ байни ду давлати ҳамҷавор ифтитоҳ бахшиданд. Дар қатори дигар шахсони расмӣ муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Риоев ва котиби якуми консулгарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулишоки Якубӣ низ дар маросими ифтитоҳ иштирок карданд.
Пайвасткунии ин ду деҳа ба шабакаи барқӣ дар чорчӯбаи Лоиҳа оид ба гузаронидани хати байнисарҳадии интиқоли барқ дар ноҳияи Шуғнон, ки бо дастгирии молиявии USAID бо маблағи 1 млн доллари ИМА ва саҳми Бунёди Оғохон ба миқдори 464000 доллари ИМА сурат гирифт, татбиқ гардидааст. Илова ба пайвасти ин ду деҳа тавассути интиқоли барқ, лоиҳаи мазкур ба мукаммал намудани системаҳои вуҷуддошта ва зерсохтори ҶСК «Помир Энержи» мусоидат намуд, ки он дар навбати худ ба вусъат ёфтани соҳаи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани фазои он ба муштариён ҳар ду тарафи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон асос хоҳад гузошт.
Бори аввал дар таърих қариб 3000 нафар сокинони деҳаҳои Деҳсор ва Виризи Афғонистон ба барқи тоза, арзон ва аз нав барқароршаванда дастрасӣ пайдо намуданд. Таъмини барқи доимӣ бевосита ба беҳтаршавии сифати зиндагӣ мусоидат мекунад: ҳангоми афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо, даромад низ зиёд хоҳад шуд, халқ имконият пайдо мекунад, ки маблағ ва меҳнати худро ҷиҳати гарм кардан ва рӯшанӣ додани манзилҳояшон камтар сарфа намоянд; сатҳи маърифатнокӣ беҳтар хоҳад шуд, агар кӯдакон дар вақти бегоҳирӯзӣ ва рӯзҳои торики зимистон дар чароғи равшан дарс тайёр кунанд; паст шудани сатҳи ифлосшавии фазои дохилии манзил дар натиҷаи истифодабарии сӯзишворӣ; сатҳи бемориҳои роҳи нафасу чашмро низ коҳиш медиҳад. Дар баробари сармоягузориҳо ба сохтмони кӯпрукҳо, бозорҳо ва роҳҳои васлкунанда, таъмини қувваи барқ ба тиҷорат ва рушди иқтисодиёт мусоидат намуда, аз бартариятҳои воқеии равобити байнисарҳадӣ байни Тоҷикистону Афғонистон гувоҳӣ медиҳад.
Маълумоти мухтасар дар бораи Бунёди Оғохон
Бо мақсади амалӣ гардонидани сармоягузориҳои дарозмуддат, шарикони Бунёди Оғохон муштаракан бо ҷамоатҳо, созмонҳои ғайритиҷоратӣ, корхонаҳо, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва пешвоёни маҳаллӣ институтҳои доимӣ эҷод намуда, ҷомеаи шаҳрвандии фаъолро ҷиҳати коҳиш додани сатҳи қашшоқӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои мухталифи Африқо ва Осиё, бунёд месозанд. Бо эътиқод ба арзишҳои умумибашарӣ фаъолияти хешро барои некӯаҳволии умумии шаҳрвандон бо сарфи назар аз ҷинс, пайдоиш ва мазҳаби онҳо пиёда месозем. Итминони комил дорем, ки бо истифода аз сифатҳову ангезаҳои неки одамон аз доираи мухталиф дар якҷоягӣ ояндаҳои дурахшонро бунёд хоҳем кард. Ҳамасола Бунёди Оғохон ба миллионҳо нафар одамон дар 16 кишвари дунё кӯмак мерасонад. Бунёди Оғохон узви Шабакаи Оғохон оид ба рушд мебошад. Қобили зикр аст, ки Шабакаи рушди Оғохон яке аз шабакаҳои бузургтарини ҷаҳон ба шумор рафта, дар самти ҳалли мушкилоти камбизоатӣ фаъолият мекунад. Он аз ҷониби Аълоҳазрат Оғохон таъсис ёфтааст. Бунёди Оғохон созмони ғайритиҷоратӣ буда, мутобиқи бахши 501 (с) (3) Қонун «Дар бораи андозбандии дохилӣ» аз супоридани андоз озод мебошад.
Маълумоти мухтасар дар бораи USAID
USAID – созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якчоягӣ бо мардуми Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд. Ҳадаф аз кори мо – пешбарӣ намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва мусоидат ба тараққиёти ҳамаҷониба тавассути вусъат додани тиҷорат ва бозорҳои гуногуну рақобатпазир, фаъол гардонидани ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи истифодабарии муштараки захираҳои обию энергетикӣ ва инчунин эҷоди ниҳодҳои роҳбарикунандаи самаранок, ки ба нафъи ҷомеа равона шудаанд.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ, лутфан бо шахсони зерин дар тамос шавед:
Марта Сиппл
Менеҷер оиди коммуникатсия ва иртиботот бо ҷомеа
Бунёди Оғохон И.М.A.
E-mail: martha.sipple@akdn.org
Тел: (1) 202-293-2537
Дастанбуи Мамадсаидов
Менеҷер оиди шарикии стратегӣ
ҶСК «Помир Энержи»
Хоруғ, Тоҷикистон
E-mail:dastanbui.mamadsaidov@pamirenergy.com
Тел: (992) 3522223383