Кумаки ИМА ба мубориза алайхи COVID-19 ба Тоҷикистон ба 13,5 миллион доллар расид

Душанбе, Тоҷикистон, 13 июни соли 2022 – Аз оғози пандемия, ду сол пеш, Иёлоти Муттаҳида тавассути Агентии  ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 14 миллион доллар барои мубориза алайҳи COVID-19 кумак кардааст. Маблағи охирини 1,5 миллион доллар барои дастгирии талошҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар самти ҳамоҳангсозии таблиғи ваксинаҳои зидди COVID-19 дар Тоҷикистон, омодагӣ, таҳвил, самаранокӣ ва таҳкими тавонмандии кормандони соҳаи тиб равона хоҳад шуд.

“Ваксина муҳимтарин чизест, ки мо метавонем барои ҳифзи худ, оила, дӯстон ва ҳамкорон истифода барем. Чӣ қадаре ки шумораи тоҷикони ваксинашуда зиёд шуда бошад, ҳамон қадар эҳтимоли паҳншавии вирус дар Тоҷикистон камтар мешавад ва ба шаклҳои нав табдил ёфтани онро боз медорад, зеро ин метавонад боиси хуруҷи навбатии нохуши ин беморӣ шавад”, гуфт Питер Райлӣ, мудири намояндагии USAID дар Тоҷикистон.

Ин кумакест, ки аз ҷониби Нақшаи наҷотбахши Амрико барои COVID-19 – бастаи барқарорсозии Президент Байден, ки барои осон намудани барқарорсозии Иёлоти Муттаҳида аз оқибатҳои харобиовари пандемия дар соҳаҳои тандурустӣ ва ва иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, ироа мешавад. Дастгирии мазкур дар Тоҷикистон барои таҳкими системаи тандурустӣ истифода мешавад, аз ҷумла: барои харидории лавозимоти таъҷилӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо, густариши санҷиши COVID-19;таъмини кормандони тиб бо таҷҳизоти муҳофизатӣ; баланд бардоштани таъминоти оксиген; бехтар тачхизонидани лабораторияҳо; беҳтар намудани назорати бемориҳо ва идоракунии клиникӣ; ва ба мубориза муқобили маълумоти бардурӯғ, равона карда шудааст.

Ин талошҳо ба фаъолияти наҷотбахше, ки дар муддати даҳсолаҳо таҳти роҳбарии ИМА дар ҳалли бӯҳронҳои глобалии тандурустӣ роҳандозӣ шудаанд, такя мекунанд. Дар тӯли 60 соли охир, USAID миллионҳо одамонро аз бемориҳое ба мисли Эбола, ВНМО / БПНМ, сил, вараҷа ва ҳоло, аз  COVID-19, наҷот додааст.

Бемориҳо сарҳад надоранд. Иёлоти Муттаҳида барои хотима бахшидан ба пандемияи COVID-19, дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, коҳиш додани таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии он ва омодасозии кишвар ба вокуниш ба авҷҳои ояндаи он ӯҳдадории худро ифода менамояд.

USAID – агентии пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба ҳайси муҳаррик барои ноилшавӣ ба рушди босубот баромад мекунад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/tajikistan ва сафҳаи дар Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe